Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро худро ба дарё партофтам?" Нақли зане, ки қасди худкушӣ дошт. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
  • "Ҳамааш дар як лаҳза рух дод. Асабам хароб буд ва фикр мекардам, роҳи раҳоӣ аз машаққатҳо фақат оби дарёст. Телефонро ба дасти духтарчаам дода, худро ба об партофтам. Ҳеч пушаймон набудам. Аммо вақте пойи писари 3-солаам ба дастам расид, даҳшат буд. Хостам, ки ӯ наҷот ёбад ва ба болои об тела додам. Дигар намедонам, чӣ шуд..."
Ба додрас гуфтам, ки аз дасти Шумо ҳам ҳеч кор намеояд. Дигар тоқатам тоқ шуд ва бо қасди худкушӣ худамро ба дарё андохтам

Хосият Шарифова – сокини сисолаи ноҳияи Ёвон – 23 рӯз пеш мехост аз ин тариқ ба зиндагии худ нуқта гузорад. Назди рӯдхонаи Сариқамиш рафт, ки бо оби зиёду пуртуғёнаш шуҳрат дорад ва худро ба он партофт. Аз қафои ӯ писари сесолааш низ худро ба рӯдхона афканд.

"Ака, очаамро об бурд"

Дар ҳамон вақт Ҳалим Қодиров, сокини ноҳияи Ёвон, ба ёриаш шитофт ва ӯву писарашро наҷот дод. Қодиров мегӯяд, дар роҳ ба сӯи хона шоҳиди ҳодиса шуд. "Дидам, ки духтарчае гиря мекунад ва гуфт, "ака, очаамро об бурд". Аввал кӯдакро баровардам ва сипас занро ба берун кашидам. Зан аз ҳуш рафта буд. Шикамашро зер кардам, ки об аз даҳонаш баромад ва нафас кашид", - нақл кард ӯ рӯзи 28-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Хосият Шарифова аз камтарин занҳоест, ки пас аз қасди худкушӣ наҷот ёфт ва дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳодисаи ба сарашомада қисса кард. Ӯ рӯзи 28-уми май гуфт, қасди худкушиаш як навъ эътироз ба рафтори хонаводаи шавҳар ва афсурдагиву ноумедӣ аз зиндагӣ буд.

Хосият 8 сол пеш бо Шодмон Раҷабов, сокини деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ёвон оиладор шуд. Ин зани ҷавон мегӯяд, дар зиндагӣ шавҳарашро кам дидааст, чун ӯ бештари вақт дар муҳоҷирати корӣ буд. Ба иддаои Хосият Шарифова, шавҳараш духтари 6-солааш Нурбонуро як дафъа дар чаҳорсолагӣ дида, Амирҷони 3-соларо боре ҳам надидааст.

Хосият Шарифова: "Чаро қасди худкушӣ кардам?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00
Линки мустақим

"Дидӣ, аз дасти ту ҳеч кор наомад"

"Шавҳарам муддати тӯлонӣ дар Русия буд ва ман тамоми вақт дар хонаводаи шавҳар мезистам. Хушдоман ва хоҳарони шавҳарам ҳеч вақт муносибати хуб надоштанд. Бо ҳар баҳона маро сиёҳ мекарданд. Шавҳарам пул намефиристод ва дар охир гуфт, дигар намехоҳад, ки ҳамсараш бошам. Маро аз хона берун карданд", - гуфт ӯ.

Ба ин тартиб, дувуним соли пеш Хосият Шарифова аз шавҳар ҷудо шуд. Ӯ мегӯяд, вақте бо ду кӯдак танҳо монд ва иҷоранишин шуд, аз сӯи хонаводаи шавҳар кумак дарёфт намекард. Талош кард аз тариқи додгоҳ "алимент" ситонад.

Ӯ гуфт, "занг задам, ки алименти кӯдакҳоро фирист. Гуфт, ки дар Русия пул кор карда наметавонад. Хоҳаршӯям дар додгоҳ гуфт, дидӣ, аз дасти ту ҳеч кор наомад. Ман дар навбати худ ба додрас гуфтам, ки аз дасти Шумо ҳам ҳеч кор намеояд. Дигар тоқатам тоқ шуд ва бо қасди худкушӣ худамро ба дарё андохтам."

"Маро бо модару хоҳаронам ҷанг меандохт"

Шодмон Раҷабов, шавҳари собиқи Хосият Шарифова, дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Русия гуфт, аз қасди худкушии ҳамсараш чанд рӯз пеш хабардор шуд. Вай аз он нигаронӣ кард, ки Хосият ба додгоҳ шикоят бурда, ӯро барои кумак накардан ба фарзандонаш муттаҳам кардааст. Шодмон Раҷабов сабаби ҷудо шудан аз модари фарзандонашро ба хислатҳои "нохуби" ӯ рабт дод.

“Он духтар маро бо модару хоҳаронам ҷанг меандохт. Дигар ба ман писанд наомад ва ҷудо шудам. Доим барои кӯдаконам пул мефиристодам”, - хулоса кард ӯ.

Иддаое, ки ин зани ҷавон рад мекунад ва мегӯяд, маҳз мушкили молӣ боис шуд, аз шавҳараш алимент ситонад ва худдории ӯ аз пардохти он ӯро ба қасди худкушӣ тела дод: "Иҷорашин будам, бояд 300 сомонӣ пули иҷора медодам. Духтарам ҳатто пояфзол надошт. Вақте бо пояфзоли дарида ба кӯча баромад, кӯдакон масхара карда гуфтанд, бо онҳо бозӣ накунад."

Ин зан бештар аз ҳама дучори афсурдагӣ шудааст. Худаш ҳам гуфт, ки асабҳояш хароб аст. Ҳоло саломати худ ва кӯдаконаш хуб аст.

Додситонӣ чӣ мегӯяд? Додгоҳ чӣ қарор кардааст?

Ҳоло қазияи қасди ҷони худ кардани Хосият Шарифоваро додситонии ноҳияи Ёвон тафтиш мекунад. Як манбаи огоҳ аз ин ҳодиса гуфт, ҳарчанд аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, мақомоти тафтишотӣ санҷиши қазияву бозпурсии хонаводаи шавҳари ӯро идома медиҳанд. Дар додситонӣ аз ҷузъиёти бештар дар ин маврид худдорӣ карданд.

Як манбаъ дар додгоҳи ноҳияи Ёвон ба Радиои Озодӣ гуфт, тирамоҳи соли 2016 ақди никоҳи ин ҷуфт бекор шуда, Шодмон Раҷабов ба пардохти алимент муваззаф гардид. Падари фарзандон бояд ҳар моҳ ба ду кӯдак 250 сомонӣ алимент медод. Ҳамчунин додгоҳ қарор кардааст, ки Хосият бо ду кӯдакаш дар манзили шавҳар маскун шавад.

Вале худи ин зан гуфт, ӯ маскуншвӣ дар хонаи шавҳарро рад кард ва бо кӯдаконаш дар хонаҳои иҷора ба сар мебурд. “Тасаввур кунед, вақте шавҳарам буд, маро дар он хона ғам медоданд, баъд аз ҷудо шудан чӣ хел мешавад боз дар онҷо зиндагӣ кард?”

"Кумаки молӣ карда наметавонем"

Хосият, ки баъди беш аз бист рӯзи табобат, саломати худро беҳтар арзёбӣ мекунад, ҳоло худро пурра ба фарзандонаш бахшидааст. Таҳмина Хоҷаева, раиси бахши занони ноҳияи Ёвон, рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба Хосият Шарифова кумаки равонӣ расонда, ҳамзамон бо вазъи зиндагии ӯ ва кӯдаконаш аз наздик шинос шудаанд. Хоҷаева гуфт, "ин зан бештар аз ҳама дучори афсурдагӣ шудааст. Худаш ҳам гуфт, ки асабҳояш хароб аст. Ҳоло саломати худ ва кӯдаконаш хуб аст."

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд бахши занон имкони кумаки молӣ ба ин занро надорад, тасмим доранд, аз ҳукумати ноҳия барояш кумаки молӣ дархост кунанд.

Масъалаи худкушӣ ва қасди худкушии занонро созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.

Омилҳои қасди худкушии занон чист?

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, мушкили иқтисодиву иҷтимоиро аз иллатҳои аслие медонад, ки дар ин авохир занонро ба қасди ҷони худ ва фарзандонашон андохтааст. Омиле, ки бори дигар аз забони як қурбонии ин ҳодиса ҳам садо медиҳад.

Равоншиносон ҳам мегӯянд, инсонҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, зинаҳои зиёдеро мегузаранд, то ба ин тасмим бирасанд. Барои мисол, дардҳои ҷисмонӣ, эҳсосӣ ва ақлӣ дар охир фикри инсонро вайрон мекунанд. Аз сӯи дигар, ба ин мушкилот вазъи нохуби иҷтимоӣ зам мешавад.

Худкушӣ ё қасди худкушӣ дар Тоҷикистон тамоюли нав нест ва сол ба сол шеваҳои такондиҳандаро касб мекунад. Ва ин мушкил дар як соли ахир мисли беморие сироят меёбад. Дар чаҳор соли охир ҳафт ҳолати талоши худкушии занон аз роҳи ба дарё андохтан сабт шудааст. Дар ин ҳодисаҳо се зан ҳамроҳ бо ҳафт кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Дар ду ҳолати дигар занҳо наҷот ёфтааанд, вале шаш фарзанди онҳо ҳангоми ғарқ шудан ҳалок шудаанд. Дар ду ҳолати дигар занҳо бо кӯдаконашон қабл аз худро ғарқ кардан наҷот дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG