Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тангем худкушӣ кард, касе намедонад, ки чаро? ВИДЕО


Наздикони наврасе, ки рӯзи 25-уми апрел худро ба дор овехт, афсус мехӯранд, ки натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Ҷасади дар банди дор овезони Тангем Баракаеваи 14-сола дар анборхонае дар деҳаи Кӯчабоғи Ҳисор пайдо шуд.

Вақте эътирозҳо оғоз мешавад, ибораҳоеро ба мисли "аз зиндагӣ безор шудам", "дер ба қадрам мерасед ва "дигар ин хел зиндагӣ кардан намехоҳам"-ро шунидан мумкин аст

Пайвандони ин наврас мегӯянд, намедонанд чаро духтарашон худкушӣ кард, аммо бо таваҷҷӯҳ ба осори банд дар гулӯи Тангем ва пойзаниҳои ӯ, ки кӯдакон шоҳидаш будаанд, мегӯянд, талош кардааст, худро наҷот диҳад. "Худашро кашол карда, “бочка”-и зери пояшро тела кардааст. Писарчаам, ки ношунавост, давида наздам омад. Бо ишора фаҳмонд, ки набераам “мурд”. То расида омадан, кӯдакон ӯро бардошта бурдаанд ва дар долон хобондаанд. Каси калонтаре набудааст, ки кумакаш кунад",-гуфт Самандар Баракаев, бобои Тангем.

Ба гуфтаи пайвандон, мақомот ҷасади Тангемро ташхис кардаанд ва таҳқиқи ҳодиса ҳанӯз идома дорад. Тангем аз лӯлиҳои Ҳисор аст. Модараш аз шавқи зиёд ба қаҳрамони як филми куриёӣ Тангем ном гузоштааст.

Самандар Баракаев, бобои Тангем.
Самандар Баракаев, бобои Тангем.

Самандар Баракаев, бобои ин наврас, рӯзи 26-уми апрел гуфт, набераш мактаб намехонд ва як духтари орому солим буд. “Ҳайронам. Намефаҳмам, ки чаро чунин кард. Давида омадам ва ҳамроҳи ҳамсоя ба беморхона бурдем. Ташхисаш карда гуфтанд, ки бурда гӯронед.”

Худкушии се наврас дар як моҳ

Дар як моҳи охир мисли Тангем 3 наврас ба зиндагии худ нуқта гузоштаанд. Умедаи 14-сола аз ноҳияи Рашт ва як ҳамсоли дигари ӯ аз ноҳияи Темурмалик ҳам ба гуфтаи волидон бо сабаби барои онҳо номаълум худкушӣ кардаанд. Дар Тоҷикистон худкушӣ ба вижа дар байни ноболиғон боис ба нигаронии волидон шудааст.

Бино ба иттилои мақомот, дар соли 2017 беш аз 80 ноболиғ қасди ҷони худ карданд ва далели дасту дил шустани аксарияти онҳо аз зиндагӣ норӯшан аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тангеми 14-сола худкушӣ кард. Барои чӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Аммо равоншиносони кӯдак ба ин боваранд, ки дар аксар ҳолат ин амали наврасон як навъ баёни эътирози онҳо ба волидону атрофиён аст. Баҳрулло Саидов, равоншиноси тоҷик, аз соли 2013 мавзӯи ҷилавгирӣ аз худкушии наврасону ҷавононро таҳқиқ дорад. Ба гуфтаи ин ӯ, наврасон, ки дар як марҳилаи мушкили гузариши синнусолӣ қарор доранд, ҳассосанд ва дар аксар ҳолат бо ин роҳ волидону наздикони худро ҷазо додан мехоҳанд.

Баҳрулло Саидов, равоншиноси тоҷик.
Баҳрулло Саидов, равоншиноси тоҷик.

Муносибати нодуруст ва арҷ нагузоштан ба шахсияти кӯдак ба бовари равоншинос ӯро ба ин кор таҳрик медиҳад. “Вақте волидон кӯдакро сарзаниш мекунанд, бо тафаккури кӯдаконаи худ таҳлилу хулоса мекунад ва худро барои волидон нодаркор эҳсос менамояд. Кӯдак наметавонад дар чунин ҳолатҳо ба волидон гапи дурушт гӯяд, бо ӯ муқовимат карда ҳам наметавонад. Бо ин фикр, ки ман ҳам метвонам барои Шумо мушкил эҷод кунам, қасди худкушӣ мекунад. Ин ҷазои ӯ барои аъзои оила аст”, - шарҳ дод ӯ.

Маъмулан волидони наврасоне, ки бо шеваҳои мухталиф аз зиндагӣ дасту дил шустанд, пас аз ин ҳодисаҳо, мегӯянд, нишонае аз тасмими худкушӣ дар фарзанди онҳо мушоҳида намешуд, вагарна наҷот медоданд. Аммо равоншиноси кӯдак Баҳрулло Саидов дар пайи таҳқиқи ин мавзӯъ ба хулосае омадааст, ки қасди худкушии ноболиғон ҳатман аломату нишонаҳои худро дорад. Фақат волидон ба гуфтаи ӯ, ин нишонаҳоро намедонанд ва ё дар бисёр ҳолат ҷиддӣ намегиранд.

Ӯ гуфт, “вақте эътирозҳо оғоз мешавад, ибораҳоеро ба мисли аз зиндагӣ безор шудам, Шумо дер ба қадри ман мерасед, дигар ин хел зиндагӣ кардан намехоҳамро шунидан мумкин аст. Ё, масалан, наврасон бозича ё чизҳои арзишманди худро ба нафаре, ки барояшон азиз аст, тӯҳфа мекунанд. Бо одамоне, ки муносибати сард доштанд, муносибати хуб барқарор мекунанд. Вале касе ба ин рафтору гуфтори онҳо аҳамият намедиҳаду таҳлил намекунад.”

Бархе аз волидон бо таваҷҷӯҳ ба зиёд шудани хабарҳои касди ҷони худ кардани ноболиғон мегӯянд, дар сӯҳбату тарбияи фарзанд эҳтиёткор шудаанд. Гурӯҳе ҳам аз тарси ба ин кор даст задани фарзандон, аксаран аз баҳсу сарзаниши ӯ, ҳатто агар кори нодурусте ҳам кард, худдорӣ мекардаанд. “Ҳозир замоне шудааст, ки гап занӣ, гӯшат намекунанд. Мегӯянд, ки худамонро ин кору он кор мекунем. Мо мегӯем, ки ба роҳи бад наравед. Ҷавонон чунин шудаанд. Дигар падару модар чизе гуфта наметавонанд. Худо ба фарзандон тавфиқ диҳад.”

Модари дигар ҳам мегӯяд, асри технология, тарбияи фарзандро барои онҳо мушкил ва кӯдаконро ҳассос кардааст: “Мо дар вақташ танҳо гапи падару модарамонро гӯш мекардем, ҳоло ҷавонон ба ҳама чӣ дастрасӣ доранд, аз ҷумла телевизору интернет. Ҳамаи инҳо, албатта, ба зеҳни наврасон таъсир мекунад. Яке аз сабабҳои аслӣ якдигарнофаҳмии волидону фарзандон аст. Шояд баъзе фарзандон барқасдона ин корро анҷом медиҳанд.”

Омбудсмени кӯдаки тоҷик, дар гузориши ахири худ бо таваҷҷӯҳ ба зуҳуроти худкушии кӯдакон аз он нигаронӣ кардааст, ки кор бо равони кӯдакон дар кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Омбудсмен дар ин гузориш аз камбуди равоншиносони кӯдак дар мактабҳо изҳори ташвиш кардааст.

Волидон ҳам таъсиси машваратхонаҳои зиёду ройгони равоншиносиро барои пешгирӣ аз худкушии наврасон ва дилгарм сохтани онҳо ба зиндагӣ муҳим медонанд.

Ба иттилои мақомот аз 83 ноболиғе, ки соли гузашта дар Тоҷикистон худкушӣ карданд, 27 нафар бемории руҳӣ дошта, 12 нафар ба далели шароити вазнини зиндагӣ ва муноқишаҳои оилавӣ қасди ҷони худ кардаанд. Сабаби худкушии 47 нафари дигар маълум нест.

XS
SM
MD
LG