Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола аз кумаки 3 миллиард долларии G7 ситоиш кард


Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай, барандаи ҷоизаи Нобел, аз ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон ё G7 ситоиш кард, ки ба занону духтарони маҳрум аз омӯзиш 3 миллиард доллар ёрӣ ваъда доданд. Малолаи бистсола рӯзи 9-уми июн гуфт, “ин иқдоми сарони G7 ҳафт умедвориро барои духтарон бештар месозад, то ояндаи равшан барои худашон дошта бошанд”. Ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон ваъдаи се миллиард доллар кумакро барои густари маориф дар ҷаҳон дар поёни нишасташон дар Канада баён доштанд.

XS
SM
MD
LG