Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳи "дурӯғсанҷ" дар мактаб: Кӯдакон дар дарс ё кӯча?


Дар баъзе аз мактабҳои пойтахти Тоҷикистон дастгоҳҳои махсус насб шудаанд, ки аз дарсгурезии хонандагон ба волидонашон хабар медиҳанд. Ин дастгоҳҳо ба телефони волидон тариқи замимаи махсуси интернетӣ хабар мерасонад, ки фарзанди онҳо соати чанд ба мактаб омад ваё кадом вақт аз онҷо берун шуд.

  • Масъулони тарҳ гуфтанд, ҳадафашон аз ин кор дар ҷараён гузоштани падару модарон аз ҷараёни таҳсили фарзандон аст.
  • Хонанда худро сабт мекунад ва фиребгарӣ гум мешавад. Падару модар ҳам дигар аз фарзандашон хавотир намешаванд. Ва ба муаллимон занг намезананд, ки фарзанди ман кай аз мактаб баромад

“Бовар мекунам, ки ба бозӣ неву ба мактаб рафтааст”

Мавҷигул Маннонова, сокини шаҳри Душанбе, чанд ҳафтаи охир тариқи паёмак мефаҳмад, ки фарзанди ӯ дар мактаб аст ё не. Ду фарзанди ӯ дар мактаб таҳсил мекунад ва Маннонова барои ҳар кадом аз фарзандонаш алоҳида хабарнома мегирад.

Ӯ рӯзи 10-уми июн гуфт, бештар аз писараш хавотир буд, ки бо баҳонаи мактаб ҳамроҳи дӯстонаш ба бозиҳои комютерӣ наравад. “Ҳоло медонам, ки соати чанд писар ва духтарам ба мактаб мерасанд ва соати чанд аз онҷо мебароянд. Бо расидани паёмак дар куҷое, ки набошам хотирам ҷамъ мешавад”, - афзуд ӯ.

Мактабе, ки фарзандони Мавҷигул Маннонова таҳсил мекунанд, аз аввалин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт аст, ки дастгоҳҳои махсуси хабаррасон ба волидон насб шудааст.

“Агар хонанда аз дарс гурезад”

Дастгоҳҳое, ки омадан ва рафтани муҳассил ба мактабро ба волидон хабар медиҳанд, аз сӯи як ширкати мустақил дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин дастгоҳ дар даромадгоҳи мактаб насб шуда, тариқи изи ангушт муҳассилро мешиносад.

Муҳассил ҳангоми вуруд ба дари мактаб ангушти худро болои дастгоҳ мегузорад ва дар экрани он акс ва маълумот дар бораи хонанда пайдо мешавад. Баъди чанд лаҳзаи гузоштани ангушт ба дастгоҳ аллакай ба телефони ҳамроҳи волидайн паёмак мерасад, ки фарзанди шумо соати 8:00 ба мактаб даромад.

Муаллифони тарҳ мегӯянд, вақти аз мактаб рафтан, муҳассил боз ҳам ангушташро боло дастгоҳ мегузорад ва бо ин роҳ огоҳ мешаванд, ки ӯ кай аз мактаб берун шудааст. Агар хонанда то анҷоми дарс мунтазир нашуда, аз дарс гурезад, дастгоҳ ба падару модари ӯ паёмак намефиристад ва бо ин тариқ падару модар мефаҳманд, ки фарзанди онҳо то охири дарс наистодааст. Дар ин ҳолат, инчунин, номи хонанда дар рӯйхати шахсони дарсгурези мактаб сабт мешавад.

Масъулини низоми “Назорат”, ки ин дастгоҳҳоро дар мактабҳо насб кардааст, мегӯянд, тамоми ҷараёни омаду рафти талабаҳо дар комютери алоҳида сабт мешаванд, ки ба он танҳо роҳбари муассисаи таълимӣ дастрасӣ дорад.

Азамат Ҳамдамов, раҳбари низоми “Назорат”, рӯзи 10-уми июн гуфт, ҳадафи аслии онҳо ҷилавгирӣ аз дарсгурезии талабаҳо ва дар ҷараён гузоштани падару модарон аз раванди таълим аст. Ҳамдамов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ин роҳ онҳо имкони фиреб байни талаба ва волидайнро аз байн мебаранд.

“Системаи нав чунин аст, ки хонанда худро сабт мекунад ва фиребгарӣ гум мешавад. Падару модар ҳам дигар аз фарзандашон хавотир намешаванд ва ба муаллимон низ занг намезананд, ки фарзанди ман кай аз мактаб баромад”, - афзуд ӯ.

“Қариб 10 сомонӣ барои як хонанда дар як моҳ”

Аммо низоми нав ройгон нест ва аз ҳар талаба рӯзона 33 дирам ва дар як моҳ наздики 10 сомонӣ ҳаққи хидмат металабад. Муаллифони тарҳ мегӯянд, агар дар як оила ду-се хонанда бошад, барои онҳо сабукӣ медиҳанд. Бо ин ҳама масъулини низоми “Назорат” мегӯянд, хадамоти онҳо маҷбурӣ нест ва ҳар волидайн танҳо бо хоҳиши худ метавонад аз он истифода барад.

Мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, ки таълиму тарбия кори танҳо мактаб нест

Азамат Ҳамдамов, роҳбари низоми “Назорат” мегӯяд, аллакай дар бархе мактабҳои пойтахт дастгоҳҳои худро аз санҷиш гузарондаанд. Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, онҳо бо ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ қарордод кардаанд ва дар назар аст, ки аз соли нави таҳсил дар 160 мактаби ин ноҳия чунин дастгоҳҳо насб шаванд. Дар сурати иҷозаи шаҳрдори Душанбе чунин дастгоҳҳо дар макотиби пойтахт низ аз соли нави таҳсил насб мешаванд.

Дастгоҳҳои махсус барои хабаррасонӣ ба волидайн дар ҳоле дар муассисаҳои таълими кишвар насб мешавад, ки солҳои ахир мақомот волидайнро дар саҳлангорӣ дар тарбияи фарзанд муттаҳам мекунанд. Мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, ки таълиму тарбия кори танҳо мактаб нест ва волидайн бояд масъулиятро пурра ба уҳдаи мактаб вогузор накунанд. Дар Тоҷикистон қонуни масъулияти падару модар дар таълими фарзанд амал мекунад ва даҳҳо падару модар барои саҳлангорӣ дар тарбияи фарзандон муҷозот шуданд.

Шарҳҳоро бинед (32)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG