Дар шаҳри Чиндаои Чин имрӯз нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шурӯъ мешавад ва интизор меравад дар он тавсиаи ҳамкориҳо бо Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад.
Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам барои ширкат дар ҳамоиш ба Чин рафтааст. Дар нишасти сарон, ки аз рӯзи 9-ум то 10-уми июн идома мекунад, Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳам ҳузур хоҳад дошт.
Эрон ҳоло мақоми нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро дорад. Бо назардошти ҳузури раҳбарони Чину Русия дар нишаст мумкин аст, қарори чанде пеши Амрико барои хориҷ шудан аз созиши атомии Эрон баррасӣ шавад.
Ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Чин, Русияву Қазоқистон ва Покистону Муғулистон шомиланд.