Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РAO/РO ҳукми бастани сомонаи озарии худро ба чолиш мекашад


Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РСЕ/РС) дар робита ба қарори Додгоҳи олии Озарбойҷон аз 4 июн, ки бастани сомонаи бахши озарбойҷонии радиоро ҷонибдорӣ мекунад, нигаронӣ баён кард.

Ба гуфтаи РAO/РO, сухан аз нақзи усули озодии баён аст. Масъулони радио дар изҳороти худ гуфтанд, ки бо истифода аз ҳамаи роҳҳои қонунӣ ҳукми додгоҳро ба чолиш хоҳанд кашид.

"Соли 2014, вақте мақомоти Озарбойҷон меъёрҳои қонунгузориро нодида гирифта, намояндагии моро дар шаҳри Боку бастанд, мо гуфтем, ки ба монанди расонаҳои дигар зери хатар қарор дорем. Қарори ахири Додгоҳи олии Озарбойҷон низ инро тасдиқ кард. Дар Озарбойҷон ҳокимияти давлатӣ барои фишор овардан ба расонаҳои мустақил истифода мешавад", - гуфт президенти РСЕ/РС Томас Кент.

Дар дохили Озарбойҷон аз болои қарори Додгоҳи олии ин кишвар шикоят бурда намешавад. Сомонаи Бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ моҳи марти соли 2017 бо дархости додситонии кулли ин кишвар баста шуд. Додситонӣ он замон гуфт, сомонаи azadliq.org ба "амнияти миллӣ" хатар дошта, "хушунату бадбинӣ"-ро таблиғ мекунад.

Мақомоти Озарбойҷон бо вуҷуди он ки натавонистанд, барои тасдиқи ин иддаои худ далеле пешниҳод кунанд, ду муроҷиати РAO/РO-ро барои лағви маҳдудият рад карданд.

Бастани сомонаи радио, ки дар давраи интихоботи президентии Озарбойҷон анҷом шуд, вокуниши тунди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалиро ба бор овард. Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон бо нашри як изҳорот гуфт, "мақомоти Озарбойҷон фазои сиёсии кишвари худро тақрибан аз тамоми воситаҳои изҳори назари мухолиф тоза карданд".

Бахши Озарбойҷонии Радиои Озодӣ – Radio Azadliq - яке аз манбаъҳои муҳиму мустақили хабарии интернетӣ ва моҳвораӣ боқӣ мемонад. Соли 2017 саҳифаҳои бахш дар YouTube, Facebook ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ ҳудуди 90 миллион бинанда касб карда буданд.

XS
SM
MD
LG