Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гунаҳкори асосӣ дар марги донишҷӯи узбек дар озодист


Гунаҳкори асосӣ дар марги Абдуғаффор Алиҷонов, донишҷӯи 19-солаи узбек дар озодист. Дар ин бора пайвандони Алиҷонов хабар доданд.

Абдуғаффор Алиҷоновро ҳамдарсонаш рӯзи 1 июн дар ҳудуди коллеҷи агроиқтисодии ноҳияи Турақурғони вилояти Намангони Узбекистон латту кӯб карданд.

Мақомот мегӯянд, бо гумони куштори Алиҷонов 5 хонандаи соли дувуми коллеҷ боздошт шудаанд.

"Донишҷӯ А., ки гунаҳкори асосист, дар озодӣ аст. Маҳз вай зарбаи якумро ба Абдуғаффор задааст. Аммо вай ҳоло дар озодист, зеро падараш сарватманд ва бонуфуз аст", - гуфтанд наздикони Алиҷонов.

"Ин гуруҳ аз 10 навҷавон иборат буд. Ман бо шоҳидон суҳбат кардам. Се-чаҳор нафар ӯро задаанд ва дигарон иҳота кардаанд. Ин магар ҷинояти созмонёфта нест? Чаро гунаҳкори асосиро ба ҷавобгарӣ ҷалб намекунанд?", - гуфт падари Абудғафор Тоҳир Алиҷонов.

XS
SM
MD
LG