Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд тилоҷӯён нозири минтақавиро латту кӯб карданд


Дар ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанди Узбекистон сокиноне, ки ғайриқонунӣ ба пайдо кардани тило машғул буданд, нозири минтақавиро латту кӯб карданд.

Ин ҳодиса рӯзи 31 май дар маҳаллаи "Тома"-и ноҳияи Пахтакор рух додааст. Сардор Маматқулов, нозири минтақавӣ замоне латукӯб шуд, ки бо баҳонаи истифодаи барқи ғайриқонунӣ манзили сокинонро тафтиш мекард.

"Ҳангоми тафтиш соҳибони яке аз манзилҳои маҳаллаи "Тома" нахостанд, дарро ба рӯи мо боз кунанд. Мо дидем, ки соҳибхонаҳо барои пайдо кардани тило чи гуна бо осиёби барқӣ сангҳоро хурд мекунанд. Вақте онҳо огоҳ шудад, ба мо ҳамла карда ва баъдан аз ҷои ҳодиса ғайб заданд", - гуфт нозири минтақавӣ Сардор Маматқулов.

Сокинони ноҳияи Пахтакори Узбекистон мегӯянд, ба далели набуди ҷойи кори расмӣ аҳолӣ ғайриқонунӣ ба пайдо кардани тило машғул аст.

"Навад дарсади сокинони маҳаллӣ ба ҳамин кор машғул ҳастанд. Дар бисёре аз манзилҳо осиёби барқӣ гузошта шудааст. Як грамм тило 45 доллар арзиш дорад. Дар ин бора ҳама медонад, пулис ҳам огоҳ аст. Аммо агар шумо ба мақомот хабар расонед, худи шуморо гунаҳкор эълон мекунанд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

XS
SM
MD
LG