Дар Гватемала ҳангоми хуруҷи вулқони Фуэго на камтар аз 25 нафар ҷон бохта ва наздики 300 тани дигар захмӣ шуданд. Би-би-сӣ рӯзи 4-уми июн хабар дод, ки беш аз ду ҳазор сокинро ба ҷои амн кӯч додаанд.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир хуруҷи вулқон идома дорад ва шумори қурбониён, мумкин аст, афзоиш ёбад. Ба иттилои расонаҳо, дарёи оташ як деҳаро иҳота карда, сокинонро ба коми худ бурдааст.
Хуруҷи вулқон фаъолияти ягона хати парвоз ва фурудоии фурудгоҳи Ла-Аурорро барҳам зад.
Дар саросари Гватемала сатҳи "зард"-и хатар эълон шудааст.
Бино ба баҳогузории Пажӯҳишгоҳи миллии вулқоншиносӣ, забонаҳои вулқон то баландии 10 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад. Вулқони Фуэго дар фосилаи 40 километр аз пойтахти ин кишвар ҷойгир аст. Хуруҷи кунунии вулқон аз соли 1974 ба ин тараф яке аз хуруҷҳои хатарнок унвон мешавад.