Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе деворе бо дурру лаълу лоҷувард месозанд


Рамзи "Ваҳдат", ки се сол пеш дар озмун пешниҳод шуд, вале аз он дигар хабаре нест.
Рамзи "Ваҳдат", ки се сол пеш дар озмун пешниҳод шуд, вале аз он дигар хабаре нест.

Ҳукумати Тоҷикистон шартҳои озмун барои бунёди як боғи мӯҳташам дар маркази Душанберо эълон кард ва яке аз ин шартҳо сохтани деворе дар ин боғ аст, ки бо дурру лоҷувард ва ҳам лаъли Бадахшон ороиш ёфта бошад.

Муқаррароти озмунро ҳукумат рӯзи 28-уми май тасдиқ кард ва дар он омадааст, дар тарҳ “Деворанигори муҳташами бо санъати хеле баланд, аз сангҳои табии Тоҷикистон бо номи “Нигористон” .. пешбинӣ гардад. Девори “Нигористон” аз сангҳои дуру лоҷувард, фирӯза, лаъл ва дигар сангҳои ороишии Суғду Бохтар ва Бадахшон ороиш ёфта бошад.”

Дар ин санад омадааст, ки дар маркази девор нақшҳои барҷастаи мурғи ҳумо бо фарри ориёӣ, ҳафт гунбад, яке аз шоҳкориҳои санъати меъмории ниёгони мо ... тасвир карда шавад.” Озмун барои тарҳи боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ”- ҳукумати Тоҷикистон ду рӯз пеш эълон кард.

Боғ дар майдони тақрибан 30 гектар дар яке аз маҳаллаҳои марказии Душанбе бояд то се соли дигар бунёд шавад. Боғро ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон месохтаанд, ки қарор аст, соли 2021 таҷлил мешавад.

Озмун барои таҳияи тарҳи боғи “Истиқлолият” то моҳи сентябри имсол идома мекунад ва дар он меъморони дохиливу хориҷӣ метавонанд ширкат кунанд. Мукофот барои ғолиби озмун 30 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG