Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Қазоқистон вебсайти хабарии Ratel.kz-ро баст


Марат Асипов дар додгоҳ
Марат Асипов дар додгоҳ

Додгоҳе дар Қазоқистон амр дод, ки вебсайти хабарии Ratel.kz баста шавад. Ин иқдомро гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳамчун идома маъракаи таъқиби расонаҳои мустақил интиқод карданд. Рӯзи 28 май додгоҳи ноҳияи Медеуи шаҳри Алмаато амр дод, ки фаъолияти вебсайт барои як сол баста шавад ва қарори сабтиноми вебсайтро бекор кард. Додрас Гулмира Байсенова инчунин истифодаи исм ё домейни вебсайт - Ratel.kz-ро манъ кард.

Ба Марат Асипов, сардабири ин вебсайт ва дигар кормандони он нашри матолиб дар матбуоти дигар бо номи Ratel.kz манъ шуд. Дар як парвандае моҳи марти имсол додситонӣ гуфт, ки вебсайти хабарӣ баъди марги муассиси он Геннадий Бандитский аз роҳи ба моликияти Balborsyk.kz табдил додани ин расона қонунро нақз кардааст. Журналистони расона инчунин дар пахши матолиби дурӯғин айбдор мешаванд, ки бар асоси шикояти соҳибкор ва собиқ вазири молия Зайнулло Ҳакимҷонов бунёд шудааст.

XS
SM
MD
LG