Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании додситони шаҳри Бӯстон ва молики як тарабхонаи Хуҷанд


Акси тарабхонаи "Парламент" аз сомонаи расмии ин муассиса: https://pph.tj/32-restoran.html
Акси тарабхонаи "Парламент" аз сомонаи расмии ин муассиса: https://pph.tj/32-restoran.html

Ҳангоми занозание миёни додситони ноҳияи Бӯстон ва молики як тарабхона дар шаҳри Хуҷанд тирпаронӣ сар зада ё садои тирандозӣ шунида шудааст. Ҳодиса шаби 22 ба 23-юми декабр сурат гирифта, ҷузъиёти он танҳо акнун дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ ва додситонии шаҳри Хуҷанд гуфтанд, кашокаш миёни Абдуқаҳҳор Азизов, додситони шаҳри Бӯстон ва молики маркази дилхушии “Парламент” Парвиз Ашӯров сар задааст.

Акси Абдуқаҳҳор Азизов аз сомонаи http://buston.tj/
Акси Абдуқаҳҳор Азизов аз сомонаи http://buston.tj/

Ба гуфтаи шоҳидон, муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон, ки бо дӯстонаш дар ин тарабхона ҳузур доштааст, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба ӯ даст бардоштааст. Дар ҷавоб гӯё Парвиз Ашӯров ва писараш додситонро задаанд. Ба иттилои дарёфтӣ, дар ин тарабхона он замон дигар хешовандони Ашӯров ҳам қарор доштаанд.

Барои ҷудо кардани ҷангандаҳо як корманди ШКД, ки низ он лаҳза дар тарабхона будааст, ба ҳаво тир холӣ кардааст.

Дар Додситонии шаҳри Хуҷанд ҳодисаро расман тасдиқ ё рад накарданд. Онҳо гуфтанд, қазияро Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад. Намояндаи Додситонии кул гуфт, бо муайян кардани қазия посух хоҳад дод.

Як манбаъи Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло додситон Абдуқаҳҳор Азизов дар рухсатии беморӣ қарор дорад. Назари ҷонибҳо маълум нест. Гуфта мешавад, ҳарду тарафи даргир аз наздикони мансабдорони баландпояи Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Занонзанӣ бо иштироки мансабдорон ва ё наздикони онҳо дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам сабт шудааст, аммо дар аксар маврид парвандаашон ҷиддӣ таҳқиқ ва натиҷаи он расонаӣ намешавад.

Ниҳодҳои умури додхилии Тоҷикистон, ки аз хурдтарин қонуншиканиҳо хабар медиҳанд, ҷанҷоли фарзандону пайвандони мансабдорон ва афроди бонуфузро нашр намекунанд.

Занозании додситони шаҳри Бӯстон бо молики тарабхонаи "Парламент"-и Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG