Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама дар Киев мунтазири набарди Реал ва Ливерпул


Афсари украинӣ барои таъмини амнияти бозӣ сафарбар мешавад.

Даҳҳо ҳазор нафар аз мухлисони дастаҳои Реал Мадрид ва Ливерпул дар шаҳри Киев ҷамъ омадаанд ва барои тамошои бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо омодагӣ мегиранд.

Мусобиқот соати 9:45 маҳаллӣ ва ё соати 01:45 ба шаҳри Душанбе шурӯъ мешавад. Бозӣ дар майдоне сурат мегирад, ки соли 2012 бозии ниҳоии мусобиқоти футболи Аврупо онҷо сурат гирифт.

Бо вуҷуди заъфи Киев дар қабули мухлисону ҷобаҷо кардани онҳо Федератсияи Футболи Аврупо ин шаҳрро макони бозии финалӣ баргузид.

Реал Мадриди Испониё, ки 13 дафъа ҷоми Лигаи қаҳрамонҳои Аврупоро ба даст овардааст, барои дигарбора соҳиб шудан ба он саъй дорад. Ливерпули Бритониё баъд аз 11 сол бори аввал аст, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо мерасад.

Видеоҳои охирин

"Мошинронии занони саудӣ ба нафъи кишвар ва оила аст"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG