Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп мулоқот бо Ким Ҷон Ун-ро сарфи назар намекунад


Доналд Трамп зимни мулоқот бо раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ Мун Ҷай Ин дар рӯзи 22-уми май.

Як рӯз баъд аз лағви мулоқот бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш барои таъйини дигарбораи мулоқот “гуфтӯгуҳои босамар” анҷом медиҳад.

Ӯ рӯзи 25-уми май дар Твиттер навишт, ки агар мулоқот сурат бигирад, ҳамон вақти муқарраршуда ва рӯзи 12-уми июн дар Сингапур баргузор мешавад. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 24-уми май гуфт, бо назардошти “хусумати ошкори” Куриёи Шимолӣ аз мулоқот даст мекашад.

Баъди ин мақомоти Пхенян бо лаҳни мусолиҳаҷӯёнае гуфтанд, ки ҳанӯз ҳам омодаи гуфтӯгу бо Амрико ҳастанд. Доналд Трамп дар Кохи Сафед гуфт, “Онҳо бисёр мехоҳанд гуфтӯгу кунанд ва мо ҳам ҳозирем”.

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милал, низ аз ду тараф хостааст, ки аз музокирот барои орӣ кардани нимҷазираи Куриё аз силоҳи атомиро даст накашанд.

Видеоҳои охирин

Депутати маҷруҳи қирғиз дар Суғд бистарӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG