Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олег Дерипаска мақоми раиси шӯрои мудирони "Русал"-ро тарк кард


Олигархи рус Олег Дерипаска аз мақоми раиси шӯрои мудирони ширкати алюминиуми “Русал” истеъфо дод. Ин иқдом ба хотири сабук кардани бори таҳримҳои амрикоӣ болои ӯву ширкатҳояш анҷом шудааст. “Русал” рӯзи 25 май бо пахши изҳороте дар ин бора хабар дод. Ғайр аз ин, рӯзи 24 май шӯрои мудирони ширкатро 7 намояндаи Дерипаска, аз ҷумла, раҳбари ширкати “Русал” Александра Бурико тарк карданд. Истеъфои раҳбарон бахши стратегияи ширкат дар муқобили таҳримҳои ИМА мебошад.

«Русал» ва дигар ширкатҳои марбут ба Олег Дерипаска оғози моҳи апрел мавриди таҳрими Амрико қарор гирифтанд. Дар ин мӯҳлат саҳҳоми он нисфи арзишашро аз даст дод. Вазорати молияи ИМА гуфт, ки агар саҳми Дерипаска дар ин ширкат камтар аз 50 дар сад шавад, мавзӯи бекор шудани таҳрим баррасӣ мешавад. Соҳибкори наздик ба президенти Русия Владимир Путин аз мақоми узви шӯрои мудирони ширкати En+ ҳам берун шуд. Ҳоло ин ширкат роҳи ба даст овардани қисми саҳҳоми Дерипаскаро баррасӣ дорад. “Русал” 7 дарсади алюминии ҷаҳонро истеҳсол мекунад.

Таҳримҳои ИМА соҳибкорону олигархҳои наздик ба Путинро асар кардаанд.

XS
SM
MD
LG