Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент имзо кард: Барои пойгаи ғайрирасмӣ то 15000 сомонӣ ҷарима


Сентябри соли 2017, Истаравшан
Сентябри соли 2017, Истаравшан

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17-уми май иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳаракат дар роҳ"-ро имзо гузошт. Бар асоси тағйироти воридшуда, барои ташкили пойгаи ғайриқонунӣ дар роҳҳои кишвар ва онҳое, ки мошини худро барои пойга додаанд, муҷозоти сангин ҷорӣ мешавад.

Ин муҷозот аз ҷарима дар ҳаҷми аз 12,5 то 15 ҳазор сомонӣ иборат аст. Ҳамзамон ронанда ва соҳиби мошин ба муҳлати ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум мешаванд. Барои такрори ин ҳолат 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ мешавад.

Тағйирот ба қонун баъди он шадидтар шуд, ки мавзӯи нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ яке аз масоили мавриди нигаронӣ гардид. Президент Раҳмон дар давоми чанд соли охир аз волидону мақомот тақозо кардааст, ки ба масъалаи одоби ҳаракат дар роҳ таваҷҷӯҳ кунанд, то аз қонуншиканиву фоҷеаҳо ҷилавгирӣ шавад. Таъкиди махсуси президент ба мансабдорон ҳам буд, ки фарзандони худро дар ин замина назорат кунанд.

Дар як суханрониаш соли 2017 президент гуфт, дар солҳои 2010 - нимсолаи аввали соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз даҳуним ҳазор садамаи нақлиётӣ содир шуда, дар натиҷа қариб 3300 нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG