Порлумони Қирғизистон пас аз баррасии серӯзаи хулосаи комиссияи махсуси вакилон дар робита ба таҳқиқи сабабҳои садама дар маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек ва шеваи истифодаи қарзи навсозии марказро қарор қабул кард.
Додситонии кул дастур гирифт, ба фаъолияти мақомдорони давлатие баҳои ҳуқуқӣ диҳад, ки дар бастани шартномаи навсозии маркази гармидиҳӣ ва қабули иншоот пас аз навсозӣ шарик буданд. Додситонии кул, КДАМ ва Палатаи ҳисоб вазифадор шуданд, ки се моҳ баъд дар порлумон аз ҷараёни тафтишашон гузориш диҳанд.
Дар қарори порлумон омадааст, ки масъулияти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ҳам санҷида шавад. Ҳангоми ин баҳсҳо вакили порлумон Исҳоқ Масалиев ёдовар шуд, ки дар кишвар танҳо як нафар аст, ки бояд ба ҷавобгарӣ кашида нашавад ва ин ҳам президенти пешин аст.
Корҳои бозсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек моҳи апрели соли 2014 шуруъ шуд ва моҳи августи соли 2017 ба охир расид. Дар ин бозсозӣ 386 миллион доллар харҷ шуд.
Рӯзи 26-уми январи соли 2018 дар маркази мазкур садама рух дод ва қариб як ҳафта манзили сокинони Бишкек бе гармӣ монд. Пас аз ин ҳодиса додситонии кулли Қирғизистон парванда боз кард.