Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Гурҷистон барои амалиёти вежа дар клубҳои шабона узр пурсид


Вазири корҳои дохилии Гурҷистон Георгий Гахария дар назди тазоҳургарони маркази Тблиси зоҳир шуд ва барои амалиёти вежа дар клубҳои шабона узр хост. Вазир гуфт, масъулони амалиётро, ки аз доираи салоҳияташон берун баромаданд, муҷозот мекунад.

Гахария ҳамчунин қавл дод, ки сиёсати Гурҷистон дар робита ба гардиши маводи мухаддир бознигарӣ мешавад. Баъди суханронии вазир ташкилкунандаҳои эътироз гуфтанд, ки ба тазоҳурот хотима медиҳанд. Вале ҳушдор доданд, ки агар дар тӯли як ҳафта дигаргунии дақиқ нашавад, намоишро дубора шурӯъ мекунанд.

Эътирозҳои густарда дар назди порлумони Гурҷистон шаби якшанбе дар ҳоле оғоз шуд, ки пеш аз ин пулис дар клубҳои шабона амалиёти зидди маводи мухаддир баргузор кард. Ба маълумоти расмӣ он замон 8 гумонбари нашъафурӯшӣ боздошт шуд.

Шоҳидон мегӯянд, ки пулис дар ҷараёни амалиёт аз нерӯ истифода кард. Ба думболи ин намоишҳои эътирозӣ дар маркази Тбилиси оғоз шуданд. Ҷамъомадагон алайҳи амалкарди пулис эътроз карданд ва талаб намуданд, ки ба истифодаи нашъаи сабук иҷозат диҳанд.

XS
SM
MD
LG