Дар чанд ҷумла
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои алайҳи Эронро дар СҶТ ба баҳс мекашад
Иттиҳоди Аврпуо омодааст ҳамагуна чораҳои якҷонибаро, ки ба ширкатҳои аврупоӣ зарба мезанад, дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба баҳс бикашад,- гуфт Бенҷамен Гриво, намояндаи ҳукумати Фаронса дар вокуниш ба хуруҷи якҷонибаи Амрико аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) - созиши ҳастаӣ бо Эрон. Ба гуфтаи Гриво Иттиҳоди Аврупо посухи мутаносибро бар пояи қоидаҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ироа мекунад.
Рӯзи 8 май президент Доналд Трамп Иолоти Муттаҳидаро аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ кард. Трамп гуфт, ки Эрон тааҳудашро иҷро намекунад ва барномаҳои ҳастаияшро дар ивази коҳиши таҳримҳои байналмилалӣ маҳдуд накардааст.
Тарафи дигари созиш - Олмон, Фаронса, Британия, Русия ва Чин гуфтанд, ки чун пештара шартҳои қарордоди ҳастаӣ бо Эронро иҷро мекунанд.
Оҷонсии назорат бар энержии ҳастаӣ (МАГАТЭ) рӯзи чоршанбе гуфт, ки Эрон масъулияташро дар робита ба қарордод иҷро мекунад. Ин изҳорот дар сомонаи оҷонсӣ нашр шуд.
Созишномаи бисёрҷониба, ки Британия, Олмон, Чин, Русия, Фаронса ва ИМА аз як тараф ва Эрон аз тарафи дигар соли 2015 имзо карданд, коҳиши таҳримҳои байналмилалӣ дар ивази маҳдуд шудани барномаҳои ҳастаии Эронро дар назар дорад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Додгоҳ никоҳи “қалбакӣ"-и як зани тоҷикро бо марди рус бекор кардааст
Дар Русия издивоҷи дурӯғини як зани тоҷикистониро бо марди рус бекор кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Артёмовски вилояти Свердловск рӯзи 29-уми декабр дар Телеграм навишт, зани 34-сола аз Тоҷикистон соли 2022 барои дарёфти осони шаҳрвандии Русия бо марди 39-солаи рус ақди никоҳ баст.
Таҳқиқ маълум кардааст, ки ин ду нафар ҳеч гоҳ ҳамзистӣ надоштанд ва издивоҷи онҳо бо қарори додгоҳ бекор карда шуд. Исми мард ва зан нашр намешавад.
Додгоҳ мегӯяд, аз қазия замоне огоҳ шуд, ки ҳамсари пешинаи мард ва модари фарзанди ӯ аз ин издивоҷи сохта ба додситонӣ шикоят кард. На марди рус ва на зани тоҷик дар мурофиаҳо иштирок накардаанд.
"Мард ҳоло дар ҷанги зидди Украина иштирок мекунад ва зан даъвати додгоҳро нодида гирифт," -- омадааст дар изҳороти додгоҳ.
Хоҳари мард гуфтааст, бародараш аз зани тоҷик 30 ҳазор рубл гирифта, ба ақди шашмоҳа розигӣ дода, вале баъди ин бо кадом сабабе ҷудо нашуд. Бо қарори додгоҳ, марду зан ба фоидаи давлат бояд 1500 рубл ҷарима супоранд.
Дар гузашта бештар дар бораи издивоҷи сохтаи мардони тоҷик бо занҳои рус бар ивази пул ва бо умеди таҳияи қонунии санадҳо ё дарёфти осони шаҳрвандии Русия хабарҳо нашр шудааст.
Барканории Игор Черевченко аз вазифаи сармураббии "Истиқлол"
Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, аз вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барканор шуд.
Сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» 29-уми декабр хабар додааст, ки раҳбарияти бошгоҳ ва ситоди мураббиёни даста таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко тасмим гирифтанд, ки шартномаро тамдид накунанд.
Ба ин тартиб, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии фитнес Дорде Коралич дастаро тарк намуданд.
Игор Черевченко сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт додааст. Ӯ гуфтааст, бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ зарур аст.
Игор Черевченко моҳи октябри соли 2024 ба вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол” таъйин шуда буд. “Истиқлол” бо роҳбарии ӯ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Аммо душанбегиҳо дар сатҳи байналмилалӣ натавонистанд натиҷаҳои хуб ба даст биёранд.
“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи “D” ҷойи сеюмро ишғол кард ва аз ҳаққи иштирок дар даври баъдӣ маҳрум гашт.
Шарҳи ҳол
Игор Черевченко 21-уми августи соли 1974 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ мисли падараш дар хатти дифоъ бозӣ мекард ва собиқаи футболбози касбиро соли 1992 дар дастаи “Помир”-и Душанбе оғоз кардааст. Вай то соли 1994 дар ҳайати “Помир” буд.
Черевченко солҳои 1993 -1994 узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Баъди кӯчидан ба Русия муддате дар лигаи дуюм дар ҳайати “Индустрия”-и Обнинск ҳунарнамоӣ кард, аммо бозии хубаш дар хатти дифоъ ӯро хеле зуд ба лигаи олӣ бурд.
Черевченко аз соли 1996 то 2001 дар ҳайати “Локомотив”-и Маскав, баъдан дар “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати “Локомотив” чор бор Ҷоми Русияро ба даст оварда, ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии Русия гардидааст.
Игор Черевченко баъди анҷоми фаъолияти футболбозиаш аз соли 2008 ба ҳайси мураббӣ дар бошгоҳи “Локомотив” кор мекард. Соли 2014 як муддат иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин даста буд. “Локомотив” таҳти раҳбарии ӯ Ҷоми Русияро ба даст овард.
Игор Черевченко, ки аз моҳи июни соли 2015 ба “Локомотив” раҳбарӣ мекард, баъд аз ду мусовии тимаш дар ду бозии аввали қаҳрамонии футболи Русия аз вазифааш истеъфо дод.
Моҳи феврали соли 2017 Игор Черевченко бошгоҳи Лигаи миллии футболи Русия - «Балтика»-и Калининградро раҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи январи соли 2018 сармураббии дастаи “Арсенал”-и Тула таъйин гардид.
Охирҳои моҳи декабри соли 2023, ки муҳлати қарордодаш ба ҳайси сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе ба охир расид, аз даста рафт. Ӯ соли 2024 сармураббии бошгоҳи «Факел»-и Воронежи Русия буд.
"90 дарсади тарҳи сулҳ мувофиқа шуд." Трамп ва Зеленский чӣ гуфтанд?
Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфтугӯ бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро "олиҷаноб" хонд. Дидори роҳбарони ду кишвар 28-уми декабр дар аёлати Флорида гузашт.
Трамп ба хабарнигорон гуфт, "мо мавзуъҳои зиёдеро баррасӣ кардем. Фикр мекунам, ба тавофуқи сулҳ бисёр наздик шудем. 91 дарсади украиниҳо ҷонибдори поёни ин ҷанг ҳастанд. Русия ҳам мехоҳад ин даргириро тамом кунад. Ҳама мехоҳанд ба ин ҷанг поён диҳанд".
Доналд Трамп ва Владимир Зеленский пас аз поёни музокирот бо роҳбарони Аврупо ва НАТО телефонӣ гап заданд.
Зеленский ба хабарнигорон гуфт, 90 дарсади тарҳи сулҳ мувофиқа шуд. Ӯ илова кард, ки "дар масъалаи тазмини амниятӣ ба Украина мо тақрибан ба хулосаи ягона расидем".
Ба гуфтаи Доналд Трамп, танҳо як-ду масъалаи ҳалношуда боқӣ мондааст, ки яке аз онҳо баҳси хок ё сарзамин аст.
Дар поёни нишасти хабарии Трамп ва Зеленский гуфта шуд, ки дидори навбатии ин ду роҳбар шояд 29-уми декабр баргузор шавад.
Ҳалокати чор кас дар рӯзи тӯй дар Хатлон
Дар пайи садамаи як мошини тӯёна дар вилояти Хатлон чор хешованди домод ба ҳалокат расида, чор каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 27-уми декабр дар шоҳроҳи Данғара-Леваканд рух додааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс" навиштааст, садама замоне рух дод, ки мошинҳо барои овардани арӯс аз ноҳияи Восеъ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мерафтанд.
Ба гуфтаи манбаъ, яке аз мошинҳо ба самти муқобил баромада, ба худрави “Лексус” бархӯрдааст. Дар ин садама, бародар ва се хешованди дигари домод ба ҳалокат расидаанд. Фавтидагон аз 15 то 42 сол син доштанд ва ҳамаашон сокинони ноҳияи Восеъ буданд.
Мақомот дар бораи сабабҳои ин ҳодиса расман хабар надодаанд. Дар як моҳи ахир ин ҳадди ақал сеюмин садамаи корвонҳои тӯёна аст, ки рух медиҳад. Рӯзи 14-уми декабр дар пайи бархӯрди мошини домоду арӯс ба як автомашинаи боркаш дар роҳи Ҳисор-Душанбе се нафар осеб гирифтаанд.
Моҳи ноябри имсол дар ноҳияи Рашт дар вақти тӯй мошине ба сутуни бетонӣ бархӯрда, сабаби марги 3 ҷавон шуд. Ин садама ҳам замоне рух дода буд, ки наздикони домод барои овардани арӯс мерафтанд.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд.
Тоҷикистон барои интиқоли коргарони чинӣ аз марз кумак кардааст
Сафорати Чин дар Душанбе барои бистарӣ кардани коргарони чинӣ, ки ҳадафи ҳамла аз Афғонистон қарор гирифтаанд, ба мақомоти Тоҷикистон миннатдорӣ кардааст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар хабарномае навишт, Сун Хэ, мушовири масоили тиҷоративу иқтисодии сафорати Чин дар дидор бо вазир Азим Иброҳим барои "расондани ёрии ҳамаҷониба дар интиқол ва бистарӣ сохтани кормандони "China Road & Bridge Corporation" ... миннатдории ҷониби Чинро баён дошт".
Мақомоти Тоҷикистон ва Чин шарҳ надодаанд, ки дар дидори вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндаи сафорати Чин дар бораи ин ҳамла боз чӣ чизҳое гуфта шуд.
Ҳамла ба роҳсозони чинӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон 30-юми ноябр рух дод. Дар ин ҳамла ду чиноӣ кушта шуда, ду коргари ширкати “China Road and Bridge Corporation” маҷруҳ гаштанд.
Моҳи ноябр ҳамчунин дар пайи ҳамлаи дигаре аз хоки Афғонистон ба корхонаи заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 коргари дигари чинӣ кушта шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати "Толибон" хостанд, барои таъмини амният дар марз ва пешгирӣ аз чунин ҳамлаҳо бештар талош кунанд.
Расонаҳои Афғонистон аз боздошти чанд гумонбар дар ин ҳамла хабар доданд, аммо дар бораи таҳқиқоти ин ҳодиса дигар хабаре дода нашуд.
Хушдоманро дар ҷабру ситам ва марги келинаш гумонбар донистанд
Як хушдоманро дар ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар донистанд, ки келини 23-солаашро ба худкушӣ расондааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр бо нашри баёнияе гуфт, зани 48-солаи сокини Ҷайҳун нисбати келинаш "муносибати бераҳмонаро раво дида", ӯро пайваста латту кӯб ва таҳқир мекардааст. Ин ҳолат аз соли 2019 идома доштааст ва ба гуфтаи мақомот моҳи сентябри соли равон, арӯси хонавода ба ҷабру ситами хушдоман тоб наоварда, сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Назари хушдоман ва ҳам наздикони келин маълум нест. Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва шавҳари арӯс ҳам иттилоъ дода нашудааст.
Бино ба навиштаи Вазорат, нисбати хушдоман бар асоси моддаи 109, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои "ба худкушӣ расондан" парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Дар давоми 3-4 соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 10 қазияи марги келину боздошти хушдоманҳо расонаӣ шудааст. Дар 7 ҳолат келинҳо дар хонаи шавҳар худкушӣ кардаанд ва дар марги онҳо хушдоманҳоро гунаҳкор дониста, аз панҷ то ҳафт сол зиндонӣ кардаанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки дар марги хушдоманҳо келини онҳо айбдор дониста шудаанд.
Соли 2021 Зархол Мустонова, сокини Турсунзодаро барои “ба худкушӣ расонидан”-и арӯси хонавода маҳкум ба зиндон карданд. Келини ӯ ҳам бо сирко худкушӣ кард. Хушдоман пас аз се соли адои ҷазо, дар соли 2024 ба озодӣ баромад.
Соли 2021 дар ноҳияи Файзобод занеро бо айни ҳамин гуноҳ ҳафт сол зиндонӣ карданд.
Ҷомеашиносон мегӯянд, дар бисёр хонаводаҳо қоидаи нонавиштаи бартарии хушдоман бар арӯс амал мекунад, ки ҳамсари писарро на ҳамчун узви комилҳуқуқи оила, балки як хидматгор мебинанд.
Дар Тоҷикистон солҳои ахир сӯиқасд ба худкушӣ ва ё мавридҳои худкушӣ зиёд шудаанд. Тибқи маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2024 дар кишвар 259 нафар занону духтарон ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он, даст задаанд.
Як таҳқиқи тозаи парвандаҳои худкушӣ дар кишвар нишон додааст, ки тақрибан 75 дарсади онҳое, ки касеро ба худкушӣ расондаанд, мардон мебошанд. 25 дарсади худкушиҳо бо айби занон рух медодаанд. Онҳо бо муносибати бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътибори инсон, сабаби қасди ҷони худ кардани касе, масалан, келини хонавода мешудаанд.
Дар Эрон беш аз 1900 нафарро эъдом кардаанд
Мақомоти Эрон дар як соли ахир 1922 нафар, аз ҷумла беш аз 59 зану ду ноболиғро эъдом (қатл) кардаанд. Бино ба гузориши солонаи созмони ҳуқуқи башар HRАNA (Human Rights Activists News Agency) ин омор ду баробар бештар аз соли 2024 аст.
Аксаран ҳукмҳои қатл пинҳонӣ ва бидуни эълони расмӣ анҷом шудаанд. Аммо 10 нафарро дар мазҳари ом ва пеши чашми мардум қатл кардаанд.
Дар гузориш омадааст, ки мақомоти Эрон аксаран, онҳоеро ба қатл маҳкум карданд, ки ба куштор 47,55% ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир — 46,10%. айбдор буданд. Ҳукми қатл ҳамчунин бештар нисбати онҳое иҷро шудааст, ки ба таҷовуз, ҷиноятҳои зидди давлату амният, ҷиноёти иқтисодӣ ва фасод гунаҳкор шудаанд.
The Daily Telegraph бо истинод ба фаъолони эронӣ навиштааст, ки пас аз муноқишаи 12 – руза бо Исроил, мақомоти Эрон ҷазои ҳукми қатл ба шиддат афзоиш додаанд.
Дар гузашта Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Эронро танқид карда буд, ки аз ҳукми эъдом (қатл) ба унвони абзоре барои тарсондан ва саркӯби камшуморон ё ақаллияти қавмӣ, мухолифони сиёсӣ ва хориҷиҳо истифода мебарад.
Зеленский ва Трамп дар бораи поёни ҷанг гуфтугӯ мекунанд
Дар ҳоле ки Русия ҳамлаҳои маргбори ҳавоиро ба шаҳру деҳоти Украина идома медиҳад, қарор аст имрӯз, 28-уми декабр, раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп дидору мулоқот кунад. Гуфта мешавад ин музокира барои Украина сарнавиштсоз хоҳад буд.
Кохи Сафед то ҳанӯз дар ин бора расман хабар надодааст, вале дар барномаи кории рӯзонаи президент, мулоқоти ду раҳбар дар иёлати Флорида таъйин шудааст. Ҳадафи асосии ин гуфтугӯҳо дарёфти роҳҳои хатми ҷанги Русия дар Украина ва дастёбӣ ба як созишномаи сулҳ гуфта мешавад.
Зеленский баъд аз боздид аз Канада вориди ИМА шуд. Дар Канада президенти Украина бо нахуствазир Марк Карни мулоқот дошт ва ӯ дар ростои гуфтугӯҳои муҳим дар Амрико таъкид кард, ки кишвараш барои пуштибонӣ аз Украина омода аст.
Раисиҷумҳури Украина дар ростои мулоқоти сарнавиштсозаш бо Доналд Трамп, бо раҳбарони кишварҳои аврупоӣ мулоқоти телефонӣ дошт. Дар ин мулоқот Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо, ба зарурати дастёбӣ ба "як сулҳи одилона ва пойдор, ки соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украинаро комилан ҳифз кунад." таъкид кард.
Раҳбари Украина эълон кард, ки пас аз мулоқот бо Трамп вай дигарбора бо раҳбарони кишварҳои Аврупо гуфтугӯ хоҳад кард. Ӯ аз Ғарб даъват кард, то дар баробари Маскав аз мавқеи устувор кор бигиранд.
Айни замон, музокиракунандагони амрикоӣ, украинӣ ва аврупоӣ сари як тарҳи сулҳи иборат аз 20 банд кор мекунанд, ки ҳадафаш поён додан ба ҷанги Русия дар Украина аст. Ин тарҳ аз кафолатҳои амниятӣ барои Украина, бозсозии кишвар ва роҳҳои хатми ҷанг иборат аст.
Хабаргузории Bloomberg бо такя ба манобеи худ навишт, ки Маскав хоҳони ворид кардани тағйирот ба ин тарҳ аст.
Ҳамлаҳои густурдаи мушакӣ ва паҳбодии Русия ба Киев
Тибқи гузоришҳо, бомдоди 27 декабр таркишҳои сахте шаҳри Киев, пойтахти Украинаро ларзонд.
Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ, бар асари ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Русия ба чандин минтақаи пойтахти Украина дастикам 11 захмӣ шуданд, ки 2 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ин ҳамла ба биноҳои истиқоматӣ зарба задааст.
Артиши Украина эълон кард, ки Русия дар ин ҳамлаҳои шабона аз наздик ба 500 паҳбод ва ҳудуди 40 мушак истифода карда, зерсохторҳои энержӣ ва минтақаҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор додааст.
Дар пайи ҳамлаҳои паҳбодӣ ва мушакии Русия дар бомдоди шанбе, аз се як ҳиссаи шаҳри Киев дар сармои зимистон бе гармӣ ва барқ монд ва дастикам 11 захмӣ шуданд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ин ҳамлаҳоро нишонае аз "идомаи сиёсатҳои вайронгарони Маскав" донист ва хостори афзоиши фишори Амрико ва Аврупо бар Русия шуд.
700 қазоқистонӣ барои пайвастан ба артиши Русия муҷозот шудаанд
Дар як соли ахир дар Қазоқистон шумораи рекордии шаҳрвандон барои пайвастан ба артиш ё қисмҳои низомии Русия ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Хабарнигорони "Медиазона" ва тарҳи “Алвидоъ силоҳ" ё "Прошай, оружие"маълум кардаанд, ки соли равон нисбати 700 қазоқистони парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Онҳо бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Қазоқистон, барои зархаридӣ ва ширкат дар амалиёти ҷангии кишвари хориҷӣ айбдор мешаванд. Қонун барои зархаридӣ ва иштирок дар амалиётҳои ҷангии хориҷӣ аз 9 сол зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Ба навиштаи муҳаққиқон, шумори афроде, ки ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, пас аз нашри тарҳи украинии "Хочу жить" зиёд шуд. Ин тарҳ шумора ва маълумоти тамоми зархаридонеро, ки дар Украина аз тарафи Русия меҷанганд, нашр карда буд.
Ба ин тартиб, соли 2024 дар Қазоқистон барои зархариди ва ширкат дар ҷанги бегона ҳамагӣ 170 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд ва соли 2025 ин омор ба 705 баробар шуд.
Қазоқистон расман дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина мавқеи бетарафонаро интихоб кардааст, вале мақомоти қудратии ин кишвар бар инанд, ки ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги бегона, барои амнияти миллӣ хатар дорад.
Зимнан, қонунҳои Тоҷикистон ҳам ширкати шаҳрвандон дар ҷангҳои бегонаро манъ мекунад, аммо то ҳанӯз ягон зодаи ин кишвар барои иштирок дар ҷанги Украина ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
Бо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар бораи ҳузури зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина ва куштаву захмӣ шудан ва асир уфтодани теъдоде аз онҳо, мақомот дар Душанбе ягон иттилоъ намедиҳанд. Биноан, шумораи дақиқи онҳо маълум нест.
Барномаи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина дар се рӯйхат номи тақрибан ду ҳазор зодаи Тоҷикистонро ҷамъ овардааст, ки аз тарафи Русия дар ҷанг ширкат карда, қисме аз онҳо кушта шудаанд.
Муаллифони ҳамин рӯйхат пешниҳоди шаҳрвандии Русия ва тақдими миллионҳо рублро аз тарзҳои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба артиши Русия медонанд.
Дар таркиши як масҷид дар Сурия дастикам 8 тан кушта шуданд
Хабаргузории расмии Сурия гузориш дод, ки рӯзи 26 декабр дар пайи як таркиш дар масҷиди "Имом Алӣ" дар вилояти Ҳимс, дастикам 8 тан кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ин таркиш ҳангоми намози ҷумъа замоне рух дод, ки масҷид пур аз намозгузорон будааст.
Ин ҳодиса дар минтақае рух дод, ки бештари сокинони онро ақалиятҳои алавӣ ва шиаи Сурия ташкил медиҳанд.
Як мақоми амниятӣ дар Ҳимс, ки нахост номаш ошкор шавад, ба хабаргузории "Франс пресс" гуфтааст, ки эҳтимолан маводи тарканда дар дохили масҷид ҷобаҷо шуда будааст.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия қароргоҳаш дар Бритониё низ эълон кардааст, ки то ҳанӯз маълум нест ин рухдод ҳамлаи интиҳорӣ будааст ё дар натиҷаи таркиши маводи таркандаи аз пеш ҷобаҷошуда рух додааст.
Аксу видеоҳои нашршуда аз сӯи хабаргузории расмии Сурия хисороти густурдаи дохили масҷид, сӯрохи бузурге дар бахше аз девор, дуди сиёҳ дар дохили масҷид, фаршҳо ва китобҳои рӯи замин афтодаро нишон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои арабӣ гузориш додаанд, ки як гурӯҳи мусаллаҳ ба номи "Катоиби ансори сунат" масъулияти ин таркишро ба ӯҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳ, ки чанд пеш аз мавҷудияти худ хабар дод, гуфта буд, ки ҳадафи ҳамлаҳои онҳо "нобудии комили шиаиён ва алавиён дар Сурия, ё водор сохтани онҳо ба муҳоҷират ба кишварҳои дигар" аст.
Ин гурӯҳ ҳамчунин масъулияти таркиши калисое дар Димишқ дар чанд моҳи пешро ба ӯҳда гирифта буд. Дар ин таркиш дастикам 22 тан кушта шуданд.
Пас аз поёни қудрати Башор Асад, раисҷумҳури пешини Сурия дар поёни соли 2024, ки худ алавӣ буд, гузоришҳое аз одарабоӣ ва қатли аъзои ин ақалияти мазҳабӣ нашр шудааст.
Пулис ду мардро ба гумони қатли бародарашон боздошт кард
Дар Шаҳритус ду бародарро бо гумони қатли бародари калониашон боздошт кардаанд. Ҳодиса рӯзи 23 декабр дар пайи як муноқишаи хонаводагӣ байни бародарон рух додааст.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 25 декабр бо нашри баёнияе гуфт, бародарон, сокинони 35,38 ва 40-солаи Шаҳритус ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ва дар ҳолати сархушӣ бо ҳам ҷанҷол карда, дар натиҷа ду нафар бародари калониро латукуб ва қатл мекунанд.
Ба иттилои вазорат, гумонбарон пайкари бародари худро аввал дар ҷойи ҳодиса зери хок карда, қасд доштанд шабона пинҳонӣ ҷасадро оварда дар ҳавлии худ гӯронанд.
Вале ҳарду боздошт шудаанд ва нисбати онҳо бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (куштор бо бераҳмии махсус), парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Қонун барои ин амал аз 15 то 25 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин бори аввал нест, ки ҷанҷолҳои хонаводагӣ дар кишвар бо фоҷеа ва ҳодисаҳои мудҳиш анҷом меёбад.
Хабарҳо дар бораи қатли як узви хонавода бо дасти шахси наздикаш пайваста расонаӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон воридоти панелҳои офтобиро аз андоз озод карданд
Дар Тоҷикистон, ки сокинонаш аз норасоии барқ ранҷ мекашанд ва барои ҳалли ин мушкил роҳҳои гуногунро таҷриба мекунанд, воридоти панелҳои офтобиро аз пардохти боҷи гумрукӣ ё андоз аз арзиши иловашуда, озод карданд.
Бар асоси тағйирот ба Кодекси андоз, ки рӯзи 17 декабр порлумони Тоҷикистон қабул кард, барои овардани панелҳои отфобӣ то якуми январи соли 2031 боҷи гумрукӣ гирифта намешавад. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба Кумитаи андоз хабар додааст.
Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, имтиёз бо ҳадафи ҳавасмандсозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода аз панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётии он пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон бо ин, тибқи Кодекси андоз ба заминҳое ҳам, ки дар он таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ истифода ва насб мешавад, сабукӣ дода мешавад. Яъне, соҳибони чунин заминҳо барои 5 сол аз пардохти андози замин озод карда мешаванд.
Пешниҳоди имтиёз барои овардани панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинон кишвар дар фасли сармо ба камбуди шадиди барқ гирифторанд ва истифода аз нерӯи офтоб як роҳи халосӣ аз бебарқӣ дониста мешавад.
Вале ба гуфтаи сокинон, харидории панелҳои офтобӣ ва пайвасташавӣ ба нерӯи офтобӣ ҳоло хароҷоти зиёд дорад ва на ҳама имкони дастрасӣ ба онро доранд.
Ҳоло дар кишвар низоми ҳатмии насб кардани панелҳои офтобӣ дар бинову сохтмонҳои нав амал мекунад ва пеш аз ҳама ин талабот мактабу беморхона ва баландошёнаҳоро дар назар дорад.
Собянин бори дигар дар бораи зарурати муҳоҷирон дар Маскав гуфт
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, дар як моҳи охир бори дуюм ба зарурати нерӯи муҳоҷирон дар пойтахти Русия таъкид кард.
Изҳороти аввали ӯ дар оғози моҳи декабр дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизиони Русия садо дод. Собянин дафъаи дувум рӯзи 24-уми декабр дар Думаи шаҳри Маскав гуфт, пойтахти Русия ба 500 ҳазор коргар ниёз дорад ва инро мешавад фақат аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ пур кард.
Вай, ки ин суханҳоро дар ҷараёни гузоришдиҳии солонааш дар баробари Думаи шаҳри Маскав баён мекард, гуфт, даст кашидан аз нерӯи муҳоҷирон мизони таваррумро боло мебарад ва дар натиҷа, иқтисоди Русия осеб мебинад.
Шаҳрдори Маскав афзуд, "ин мавзӯи ҷиддӣ аст, бо ин соҳа бозӣ кардану ба авомгарӣ ё популизм машғул шудан мумкин нест.” Ва илова кард, ки мушкилот дар соҳаи муҳоҷират бо ҳуҷуму амалиёт ҳал намешавад.
Ба иттилои Сергей Собянин, муҳоҷирон 5-6 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин мекунанд: “Бешубҳа, агар бе муҳоҷирон корро буд мекардем, олӣ буд. Вазъи демографӣ ва иқтисод, мутаассифона, қоидаҳои дигареро ба мо бор мекунанд. Имрӯз ҷойҳои холии кор аз 400 то 500 ҳазорро ташкил медиҳанд. Ҳатто агар иқтисод ба ҳолати беҳтаре баргардад, омор иваз намешавад.”
Сергей Собянин, инчунин, дар мавриди сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират сухан гуфт. Ба иттилои ӯ, дар натиҷаи тафтиши санадҳои биометрии муҳоҷирон дар фурудгоҳҳои пойтахти Русия 45 ҳазор муҳоҷир аз санҷиш нагузаштаанд.
Ӯ гуфт, беш аз як миллион хориҷӣ замимаи “Амина”-ро дар телефон насб кардаанд, ки дастрасиро ба маълумот дар бораи ҷои ҷамъшавӣ ва зиндагии муҳоҷирон осонтар мегардонад. Ин ҳама чораҳо, ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, барои танзими соҳаи муҳоҷират имкон фароҳам кардааст. Чизе, ки муҳоҷирон сахтгирона, маҳдудкунанд ва ё поймоли ҳуқуқи худ медонанд.
Як генерали ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон кушта шуд
Икромиддин Сареъ, фармондеҳи пулиси вилоятҳои Тахор ва Бағлон дар замони ҳукумати пешини Афғонистон ва аз чеҳраҳои мухолифи ҳукумати "Толибон", шаби 24-уми декабр бар асари тирандозӣ дар назди дафтари кориаш дар пойтахти Эрон кушта шуд.
Манбаъҳои наздик ба ӯ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтанд, ки дар ин ҳодиса Икромиддин Сареъ ва яке аз ҳамроҳонаш кушта шуда, як нафари дигар захмӣ гаштааст.
Генерал Сареъ пас аз сарнагунии низоми пешини Афғонистон ва ба сари қудрат омадани "Толибон" ба Эрон рафт ва дар онҷо барои низомиёни пешин додхоҳӣ мекард.
Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ҳукумати "Толибон"-ро муттаҳам ба террори ӯ кардааст. Ҳукумати "Толибон" то ба ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Баъзе аз мақомҳои ҳукумати пешини Афғонистон ва ҷабҳаҳои мухолифи "Толибон" қатли ин фармондеҳи собиқи пулисро маҳкум карда, аз ҳукумати Эрон хостаанд, ки дар ин бора таҳқиқ ва омилони онро шиносоӣ кунанд.
Ҳукумати Эрон то ҳол дар ин бора ба расонаҳо чизе нагуфтааст.
Дар чанд моҳи охир ин дувумин чеҳраи мухолифи "Толибон" аст, ки дар Эрон террор мешавад.
Чаҳор моҳ пеш Маъруф Ғуломӣ, яке аз фармондеҳони ҷиҳодӣ низ дар шаҳри Машҳад боз зарби гулӯлаи афроди мусаллаҳ кушта шуда буд.