Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони туркман тӯҳфаҳои президентиро бозпас доданд


Варзишгарони туркман дар Asian Games
Варзишгарони туркман дар Asian Games

Туҳфаҳои президентии бархе аз ғолибони Бозиҳои панҷуми осиёиро, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, пас гирифтанд.

Ҳукумати Туркманистон соли гузашта миллиардҳо долларро сарфи Бозиҳои осиёӣ карда буд. Расонаҳои маҳаллӣ соли гузашта навишта буданд, ки ба бархе аз варзишгарони туркман аз номи президент туҳфаҳои гаронбаҳо, аз ҷумла мошинҳои навъи «Toyota Camry GL Executive»-ро дарёфт карданд.

Гуфта мешавад, мақомот ин тӯҳфаҳоро бозпас гирифтанд. Сабаби ин тасмим шарҳ дода нашудааст.

"Баъди тақдими мошинҳо аз варзишгарон хоҳиш шуда буд, ки мошинҳоро як муддат истифода накунанд. Бо гузашти як муддат аз Бозиҳои осиёӣ мақомот мошинҳоро аз онҳо пас гирифтанд", - хабар медиҳад рӯзноманигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз Туркманистон.

XS
SM
MD
LG