Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон шарикони аслии кишварашро эълом кард


Сооронбой Ҷеенбеков
Сооронбой Ҷеенбеков

Дар ҳоли ҳозир ҷаҳон бо хатари нав - терроризм - рӯ ба рӯст ва бар зидди ин хатар танҳо дар якҷоягӣ метавона мубориза бурд,"- гуфт Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 9 май дар чорабинии бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Бишкек

"Мо бо ин падидаи номатлуб дар якҷо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳампаймони қадимиамон - Русия ва кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мубориза мебарем", - гуфт Ҷеенбеков.

Ба гуфтаи Ҷеенбеков, ҳоло марзҳои кишварашро сарбозон ва фармондеҳони "насли шуҷоъ"-и қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳифз мекунанд.

Президенти Қирғизистон дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" дар шаҳри Бишкек ширкат кард. Вай акси бобояш Ҷеенбек Пирназаровро бо худ дошт. Бобои президенти Қирғизистон дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ширкат кардааст.

Дар Қирғизистон ва кишварҳои дигари шӯравии пешин рӯзи 9 май поёнёбии Ҷанги дувуми ҷаҳониро таҷлил мекунанд. Соли 1945 СССР Олмони фашистиро шикаст дода буд.

XS
SM
MD
LG