Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанги мо ба номи ватан буд" ВИДЕО


Хаскаш Абдуллоев
Хаскаш Абдуллоев

Аз хатми Ҷанги дувуми ҷаҳон, ки дар ҷараёни он 300 ҳазор тоҷикистонӣ ҳам иштирок кардааст, 73 сол гузашт.

Хаскаш Абдуллоев, иштирокчии Ҷанги дувуми ҷаҳон аз ноҳияи собиқ Шӯрообод, 94 сол дорад. Вай дар ҳаждаҳсолагӣ ба сафи артиш пайваст ва мегӯяд, то ба ҳол наметавонад рӯзҳои даҳшатбори ҷангро фаромӯш кунад.

Аз ин ҷанг ҷони солим бадар оварданашро туҳфаи тақдир медонад, ҳарчанд ду дафъа захм бардошт ва маъюб ба зодгоҳ баргашт. Хаскаш Абдуллоев гуфт, саҳнаҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон ҳоло ҳам ба хобаш даромада, ӯро нороҳат мекунанд. “За родину”, “За Сталина” шиори асосии мо дар ҷанг буд. Асосан ба хотири ватан меҷангидем, аммо кам набуданд онҳое, ки барои номи Сталин ҷон медоданд. Чун Сталин ҳам роҳбар ва ҳам доҳии он рӯз буд”, - гуфт ин собиқадори ҷанг.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Саҳнаҳои ҷанг дар хоб маро азоб медиҳанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Дар ҳуҷраи зисти Хаскаш Абдуллоев то ҳол акси Ленин ва Сталин овезон аст ва ӯ бо меҳр дар бораи онҳо гап мезанад. Хаскаш Абдуллоев бесаброна фарорасии рӯзи 9-уми майро интизор аст. Дар ин рӯз ӯву ҳамсангаронаш ҷамъ меоянд ва аз он рӯзҳои сахт ёд мекунанд. Ҷамъияте, ки теъдодашон сол то сол кам мешавад.

Нигоҳи бобову набера ба Олмон

Хаскаш Абдуллоеви солхӯрда агар бо нафрат дар солҳои ҷанг дар рӯбарӯи, ба истилоҳ, «немиси фашист» меистод ва бо ин андешаи «немисбадбинӣ» ба хонааш баргашт, набераи ӯ дар бораи Олмон бардошти дигар дорад. Зафар Хайруллозода 33 сол дорад ва аз хурдӣ дар фазои нақли бобояш дар бораи Олмон ва немисҳо бузург шудааст. Ин қиссаҳо маъмулан ҳама даҳшатнок ҳастанд. Аммо ҳоло Зафар, ки дар зиндагӣ соҳибихтиёр аст, дар бораи Олмони имрӯза андешаи дигар дорад.

Зафар Хайруллозода Олмон ва мардуми ин кишварро аз намояндаҳои фарҳанги қадимиву мутамаддин медонад ва мегӯяд, «бояд идеологияи фашистииро ҷудо арзёбӣ кард». Вай мегӯяд, идеологияи фашистӣ хушунатзо буд, бартарии як қавлу миллатро аз дигарҳо тарғиб мекард ва ба ҳамин хотир ҳам бебунёд буду несту нобуд шуд.

Хаскаш Абдуллоев
Хаскаш Абдуллоев

"Қадри собиқадоронро бидонем"

Нигоҳи Зафар ба гузаштаи пурмоҷарои бобо ва корномаҳои ӯ дигар аст. Вай мутмаин аст, ки сарбози ҷанг бояд қадрдонӣ шавад: “Иштирокчиёни ин ҷанг барои давлате мубориза бурданд, ки ҳоло он дигар вуҷуд надорад. Аммо мо ба он хотир бояд аз иштирокчиёни ин ҷанг қадрдонӣ кунем, ки онҳо як намунаи баланди ҳимоя ва ҷонфидоӣ дар баробари ватанро нишон доданд. Ҷавонони имрӯз аз қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги дувуми ҷаҳон бояд бибинанд, ки барои ватан ва миллат ҷонро чигуна фидо мекунанд.”

Хаскаш Абдуллоеви 94-сола бо набера баҳс намекунад ва дарк мекунад, ки ҳарфи набера баёнгари ҳақиқат аст. Ӯ бештар саргарми омодагиҳо ба чорабиниҳои ҷашнии Рӯзи Ғалаба аст. Бори дигар костюми пур аз медалашро аз назар мегузаронад, то мутмаин шавад, ки медалҳои ӯ дар ҷояшон ҳастанд. Ба майдони Ғалаба ҳам ӯро Зафар раҳнамоӣ хоҳад кард.

Хаскаш Абдуллоев бо наберааш Зафар
Хаскаш Абдуллоев бо наберааш Зафар

Ҷамъияте, ки сол то сол кам мешавад

Шаҳрдори Душанбе барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар пойтахт омодагӣ дидааст. Соли гузашта чорабиниҳои Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе баҳсбарангез шуд. Бахусус пас аз он ки мақомот барои баргузории роҳпаймоии “Полки абадӣ” иҷоза надоданд. Аммо сарфи назар аз ин роҳпаймоӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат дар Тоҷикистон, айни замон дар кишвар 46 иштирокдори Ҷанги дувуми ҷаҳон ва 145 меҳнаткашони ақибгоҳ барҳаёт ҳастанд.

XS
SM
MD
LG