Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тасвири Нигина Азимова, навраси тоҷик, ба намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чех роҳ ёфт ва соҳиби ҷоиза шуд. Нигина Азимова чаҳор сол дар мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, дар ин муддат, ба гуфтаи худаш, беш аз сад тасвир кашидааст. "Аммо бори аввал аст, ки расми кашидаи ман соҳиби ҷоиза шуд", - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ин расми ороишӣ аст. Дар он як қасрро тасвир кардам. Дар канор чеҳраи духтаракеро ҳам мебинед. Дар фазо ду шабпарак болу пар мезананд...

Маросими тақдими ҷоиза ба Нигина Азимова рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Михаэла Поспишилова – муовини сафири Ҷумҳурии Чех дар Тоҷикистон (қароргоҳаш дар Тошканд) – гуфт, намоишгоҳи байналмилалии расмҳои бадеии наврасон аз соли 1967 ба хотири ёдбуд аз атфоли деҳаи Лидитсеи кишвари Чех, қурбониёни миллатгароёни олмонӣ дар давраи ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва атфоли қурбони низоъҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон ҳар сол баргузор мегардад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷоизаи духтари тоҷик дар Ҷумҳурии Чех
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:09 0:00

  • Асарҳои беҳтарини рассомони наврас аз саросари ҷаҳон дар толори расмҳо дар Лидитсе ба намоиш гузошта мешавад.

Ба қавли Михаэла Поспишилова, ба озмуни 45-ум дар соли 2017 дар мавзӯи саёҳат ё ҷаҳонгардӣ беш аз 25 ҳазор расм ворид шуда буд. Бачаҳои тоҷик ба ин озмун 11 асар пешниҳод карда, аз миёни онҳо ҳайати ҳакамон расми Нигина Азимоваро пазируфтаанд.

Михаэла Поспишилова
Михаэла Поспишилова

Дипломати чех гуфт, Тоҷикистон барои табдил шудан ба як кишвари сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ имконот ва зарфиятҳои бузург дорад. "Солҳои ахир Тоҷикистон як кори хуберо анҷом дод ва низоми додани виза барои сайёҳон, аз ҷумла барои чехҳоро содда кард. Аз кишвари Чех низ зиёд ба Тоҷикистон сафар мекунанд, чунки ба шаҳрвандони мо лижаронӣ ва сайри пиёда дар кӯҳистон бисёр писанд аст ва дар Тоҷикистон ин чизҳо ҳаст", - афзуд ӯ.

Расми Нигина Азимова дар саҳифаи ин намоишгоҳ дар шабакаи ҷаҳонӣ дастрас аст. Нигина ба Ҷумҳурии Чех сафар накардааст ва бо ин кишвар аз интернету телевизион ошност.

Нигина Азимова
Нигина Азимова

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи расми кашидааш гуфт: “Ин расми ороишӣ аст. Дар он як қасрро тасвир кардам. Дар канор чеҳраи духтаракеро ҳам мебинед. Дар фазо ду шабпарак болу пар мезананд. Ба маъное, ки онҳо шоданд. Ҳамчунин, ман як манораи қалъаи шаҳри Хуҷанд ва пораҳои атласу адрасро кашидам. Инҳо нишонаҳои қадимӣ будани шаҳрамон ва ҳунари дастии халқи мо ҳастанд.”

Нигина Азимова 17-сола аст ва дар мактаби рақами 19-уми шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад. Ӯ ҳамзамон чаҳор сол расмкаширо дар мактаби рассомии маркази вилояти Суғд аз худ кардааст. Ӯ гуфт, се хоҳар дорад ва падару модар расмкашии ӯро меписанданд. Вале аз ҳама пештар расмҳои нави ӯро бобояш тамошо мекунад ва андешаҳояшро мегӯяд.

Нигина мегӯяд, баъд аз хатми мактаби миёна мехоҳад, таҳсилро дар риштаи рассомӣ идома дода, рассоми касбӣ шавад. Музаффар Мамадҷонов, аз устодони мактаби бачагонаи рассомии Хуҷанд, ба Нигина асрор ва нозукиҳои расмкаширо меомӯзад. Ӯ гуфт, ки Нигина миёни шогирдонаш бо диди хос фарқ дорад.

Мамадҷонов гуфт, асарҳои беҳтарини шогирдонаш дар кишварҳои дигар низ пазируфта ва ҳатто харидор пайдо хоҳанд кард. Барои ин, ба гуфтаи ӯ, бояд он асарҳо дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он муаррифӣ ва тарғиб шаванд. “Вале ин кор суст роҳандозӣ шудааст. Танҳо ангуштшумор расомони бузургсол ва ҷавон бо ҷустуҷӯву талошҳои худ ба озмунҳо ва бозорҳои хориҷ аз кишвар роҳ меёбанд”, - хулоса кард ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG