Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз пирӯзии Шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград 75 сол гузашт


Дар Русия аз 75-умин солгарди пирӯзии артиши Шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград, яке аз набардҳои муҳим ва маргбортарини Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, таҷлил карданд.

Дар маросими рӯзи 2-юми феврал дар шаҳри Волгоград (Сталингради собиқ) президенти Русия Владимир Путин, низомиён ва даҳҳо танку ҳавопаймоҳои сохти Шӯравӣ буданд. Оқои Путин гуфт, муҳорибаи Сталинград душманро торумор кард ва роҳи пирӯзӣ дар ҷанги дувуми ҷаҳониро ҳамвор сохт. Вай аз ҳамватанони худ хост, ки гузаштаҳояшонро фаромӯш накунанд.

Владимир Путин дар маросими бахшида ба 75-умин солгарди муҳорибаи Сталинград. 2-юми феврали 2018, Волгоград
Владимир Путин дар маросими бахшида ба 75-умин солгарди муҳорибаи Сталинград. 2-юми феврали 2018, Волгоград

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, “сарнавишти ватани мо ва ҳамаи ҷаҳон он замон ба Сталинград вобаста буд. Дар инҷо мустаҳкамӣ ва пойдории мардуми мо ба ҳама маънӣ ошкор шуд.”

75 сол қабл дар таърихи дувуми феврали соли 1943, нирӯҳои Олмони фашистӣ дар Сталинград шикаст хӯрданд. Шикасте, ки як нуқтаи чархиш ва ҳалкунанда дар Ҷанги дувуми Ҷаҳонӣ шуд. Муҳорибаи Сталинград аз тобистони соли 1942 то 2-юми феврали соли 1943 давом кард.

Фатҳи ин шаҳр барои Гитлер аз он сабаб муҳим ба шумор мерафт, ки он сабаби канда шудани роҳҳои интиқолу борҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷануби ин кишвар аз тариқи дарёи Волга мешуд. Ин буд, ки артиши Шӯравӣ бо фашистон сарсахтона муқовимат намуд ва дар кӯчаву хонаҳо бо олмониҳо ҷангид.

Пас аз чандин моҳи даргириҳои хунин, дар таърихи дувуми феврали соли 1943 олмониҳо шикаст хӯрда 2500 афсари олирутба, ки 24 нафари онҳо генерал буданд, буданд, таслими артиши Шӯравӣ шуданд. Таърихнигорон менависанд, ки 1 миллиону 100 ҳазор тан аз сарбозони Шӯравӣ барои дифоъ аз ин шаҳр ҷон бохта ё маҷруҳ ва ё беному нишон шуданд.

Видеоҳои охирин

Баҳси Кумитаи забон ва истилоҳот бо фаъолони донишномаи Википедия
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:29 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG