Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмади Иброҳим: Аз дигарон чӣ камӣ дорем, ки қаҳрамонҳои худро эҳтиром накунем?


Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим, хабарнигори тоҷик, китоби тозаи худро дар бораи ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Суғд ва истодагарии сокинони маҳаллӣ дар баробари ҳамлаҳои ӯро аз чоп баровард. Вай рӯзи 7 январ гуфт, ки талош дорад, китобаш ба хонандагон низ омӯзонда шавад. "Сипитаман. Катан. Тахористон" ахиран дар шаҳри Кӯлоб муаррифӣ шуд ва дар як сӯҳбат аз Аҳмади Иброҳим пурсидем, ки чаро ба навиштани асарҳои таърихӣ рӯ овардааст ва ҳадафаш аз ворид шудан ба ин бахши нависандагӣ чист?

Мебинед, ки ҷавонони тоҷик ҳоло бештар ба қаҳрамонҳои филмҳои туркӣ тақлид карда, худро мисли "Пӯлод Аламдор" ва дигарон дидан мехоҳанд. Дар ҳоле ки миллати тоҷик қаҳрамонҳои аз ин бештару беҳтар, қадимӣ ва тайёр дорад.

Аҳмади Иброҳим: “Ҳадаф танҳо навиштани таърих ва аз ин тариқ ёрӣ ба ҷавонон аст, то гузаштаи худро хубтар донанд. Дар замони ҷанги дохилӣ ва баъди он эҳсос мешуд, ки то ҳадде ҳуввияти миллии тоҷикон коста шудааст. Барои онки эҳсоси худшиносӣ дубора боло бигирад, роҳҳои зиёдро фикр кардам ва дар охир ба навиштани ҳикояҳои таърихӣ пардохтам. Дар китоби нав далериву шуҷоат ва истодагарии сокинони Суғди қадим дар баробари артиши Искандари Мақдуниро тасвир кардам, ки ҳарчанд ҷаҳонро гирифта буд, аммо ин мардум сар нафароварданд.”

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, дар ин бора ҳикояву ривоят ва асарҳои мухталифе эҷод шудааст. Навиштаи Шумо чӣ тозагӣ дорад ва аз чӣ нигоҳ боз ҳам муҳим аст?

Аҳмади Иброҳим: “Ман то инки асари худро бинависам ва ба бозор барорам, хеле осори таърихӣ, китобҳои таърихиро хондам. Дидам, ки таърихнигорони мо ба ҷуз аз пешниҳоди фактҳо ба ҷузъиёти воқеа зиёд напардохтаанд. Яъне, чеҳраҳо нокушода боқӣ мондаанд. Дар китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи Спитамен аз 7 манбаи таърихӣ истифода шудааст. Дар ин бора дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и раиси ҷумҳур низ ишораҳои зиёде рафтааст. Вале ман кӯшиш кардам, симои қаҳрамонеро биофарам, ки барои ҷавонони имрӯзаи мо идеал бошад. Мебинед, ки ҷавонони тоҷик ҳоло бештар ба қаҳрамонҳои филмҳои туркӣ тақлид карда, худро мисли «Пӯлод Аламдор» ва дигарон дидан мехоҳанд. Дар ҳоле ки миллати тоҷик қаҳрамонҳои аз ин бештару беҳтар ва тайёр дорад. Ин шояд заъфи таърихнигорони мо буд, ки натавонистанд қаҳрамонҳои миллати моро ба таври зарурӣ ба ҷомеа шинос кунанд. Ман, албатта, ҳамаи таърихнигоронро дар назар надорам. Вале ҳамин марҳилаи таърих тамоман норӯшан мондааст.”

Радио Озодӣ: Дақиқан чӣ норӯшаниҳоро дар назар доред? Дар ҳоле ки мо дар бораи Спитамен ё Спитаман, қаҳрамонии ӯ хондаем. Ҳатто дар кишвар ба ифтихори ӯ номи яке аз ноҳияҳои кишвар гузошта шудааст...

Аҳмади Иброҳим: “Бибинед, албатта, дар бисёр китобҳои таърихӣ як сархат дар бораи Спитаман гуфта шудааст. Вале дар бораи қаҳрамонҳои дигаре ба мисли Катан, Вастан, Бразан ва Сатибарзан чизе таъкид нагардидааст. Бразан паҳлавони суғдӣ дар пардаи дувуми романи нави ман инъикос ёфтааст. Вақте ӯ ба майдон баромада, шамшер мезанад, мақдуниҳоро дар ҳайрат мегузорад. Мо ҳоло дар бораи Катан намегӯем, ки бо Кратер чӣ кард. Дар бораи Спитаман намегӯем, ки Искандар шуҷоати ӯро дида, эҳтиромона Спантаманоаш мегуфт.»

Радиои Озодӣ: Ҳоло бо ин асар чӣ мехоҳед кунед?

Аҳмади Иброҳим: «Ҳоло кӯшиш дорам, то Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин китобро ба феҳристи адабиёте ворид кунад, ки дар соатҳои берун аз дарсӣ хонда шавад. Ин китобро дар шакли хеле шавқовар навиштам, то осонхон бошад. Аввал китоб 600 саҳифа буд. Баъд фикр кардам, ки ин қадар саҳифаро намехонанд ва китобро дар даст мегиранду ба шигифт меоянд, саҳифаашро то 500 ва ахиран то 320 саҳифа расондам. Умед дорам, ки як зарра ҳам бошад дар шинохти кишвар, шинохти қаҳрамонҳои кишвар кумак мекунад. Магар мо аз дигарон чӣ камӣ дорем, ки қаҳрамонҳои тайёри худро нахонем ва дар борааш надонем?»

Радиои Озодӣ: Ҳамаи қаҳрамонҳои китобатон мисли Спитамен асоси воқеӣ, таърихӣ доранд ё қаҳрамонҳои тахайюлӣ ҳастанд, то аз ин тариқ бештар ба эҳсоси ҷавонон нохун бизанед?

Аҳмади Иброҳим пештар китобҳои "Ҷаҳиши охирини бабр" ва "Рӯди пурхун"-ро чоп карда буд
Аҳмади Иброҳим пештар китобҳои "Ҷаҳиши охирини бабр" ва "Рӯди пурхун"-ро чоп карда буд

Аҳмади Иброҳим: «Қаҳрамонони асосии роман воқеӣ ҳастанд. Мисли Спитаман, Кастан, Вастан, Бразан, Сатибарзан. Дар ин асар образи Бобак тасвир ёфтааст, ки барои ватан ҷонфидоӣ мекунад. Ончунон қаҳрамонӣ нишон медиҳад, ки мисли Кассандр барин сарлашкари Искандари Мақдунӣ дида бе худ мешавад ва мегӯяд, агар ин ҷавон дар Юнон мебуд, ҳатман соҳиби шамшер мешуд ва шӯҳраташ ба тамоми ҷаҳон паҳн мегардид. Яъне, юнониҳо ба ҷавонони ҷасури Суғд тан дода буданд. Дар онҷо писари Катан – Сиёваршан аст, ки дар қисмати севуми китоб оварда шудааст. Вай ба муқобили гладиаторҳо қаҳрамонӣ нишон додааст. Аммо дар баробари қаҳрамонҳои воқеӣ образҳои хаёлиро низ дар китоб ҷой додам»

Радиои Озодӣ: Дар навиштани асар бештар ба манобеи дохилӣ, яъне тоҷикӣ такя кардед ё аз хориҷиҳо ҳам истифода намудед?

Аҳмади Иброҳим: «Аз асарҳои таърихии хориҷиҳо ҳам истифода кардам ва бештар ба онҳо такя намудам, то нагӯянд, ки як муаррихи тоҷик худу мардуми худро таъриф мекунад.»

Радиои Озодӣ: Аммо Шумо дар ҳоле ба ҷустуҷӯи қаҳрамонҳои гузаштаи мардуми тоҷик баромадед ва мехоҳед онҳоро бишносонед, ки баъзеҳо мегӯянд, донишмандони бархе кишварҳо таърихи моро таҳриф кардаанд...

Аҳмади Иброҳим: «Ин қабил рост мегӯянд. Таърихи моро бисёриҳо таҳриф карда, як суғдиро гирифта, намояндаи дигар миллат муаррифӣ кардаанд. Ин ҳақиқат аст. Интернетро як биҷӯед, садҳо қаҳрамонони моро дуздидаанд. Аз Шерак сар карда, то қаҳрамонҳои дигар, ки дар гузашта пешво ва идеалҳои миллати тоҷик буданд. Таърихи моро ҳамин гуна таҳриф карданд, ки ҳоло мо вазифадорем, ҳамин таҳрифҳоро аз байн барем ва бигӯем, ки кадомаш аз мо аст ва кадомаш бегона. Масалан, мо Манас, қаҳрамони халқи қирғизро ҳеҷ гоҳ ҷуръат намекунем қаҳрамони худ гӯем. Мо ингуна номардӣ надорем, то онро гирифта тоҷик муаррифӣ кунем. Барои мо қаҳрамон лозим бошад, миллати тоҷик аз сар то по қаҳрамон дорад. Аз Каюмарс сар карда, то Фаридуну Ҷамшед. Ин ҳама барои мо қаҳрамон аст. Аммо мо бояд кӯшиш кунем, ки қаҳрамонони худро баргардонем.»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG