Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума номзадии Медведевро ба нахуствазирӣ ба овоздиҳӣ мемонад


Интизор меравад, ки имрӯз Думаи давлатии Русия номзадии Дмитрий Медевев ба мақоми нахуствазири кишварро тасдиқ кунад. Номзадии ӯро ба ин мақом президент Владимир Путин пешбарӣ кард. Путин, ки рӯзи 7 май барои бори чорум савганди президентӣ ёд кард, чанд соат баъди ин маросим Медведевро бори дигар ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард. Думаи давлатӣ аз аксар аъзои ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” иборат аст ва Медведев раиси ин ҳизб мебошад. Қарор аст овоздиҳӣ дар Дума соати 15:00 ба вақти Маскав шурӯъ шавад.

Бар асоси конститутсияи Русия, ҳукумат вазифадор аст, ки бо шурӯи марҳилаи нави президентӣ истеъфо диҳад. Аз назари мавқеаш дар ҳукумати марказӣ нахуствазир мақоми рақами ду дар ҳукумат мебошад ва масъули масоили иқтисодӣ дар назди президент аст. Медведеви 52-сола соли 2008 бо кӯмаки Путин ба мақоми президентӣ роҳ ёфт. Ин ҳамон замоне буд, ки Путин ду мӯҳлати президентиро анҷом дода буд. Соли 2012 Медведев баъди хатми мӯҳлати президентӣ ба мақоми нахуствазирӣ омад ва курсии раёсатҷумҳуриро ба Путин дод. Медведев солҳои 2003-2005 ба ҳайси раиси ситоди Путин ва солҳои 2005-2008 - муовини аввали нахуствазири Русия кор кардааст.

XS
SM
MD
LG