Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян нахуствазири Арманистон шуд


Дар даври дуюми интихоботи нахуствазири Арманистон рӯзи 8 май ниҳоят парлумон бо таносуби 59 раъйи мусбат дар муқобили 42 раъйи манфӣ Никол Пашинянро раҳбари ҳукумат интихоб кард. Парлумон дар ин овоздиҳӣ танҳо як номзадро баррасӣ мекард.

Қабл аз овоздиҳӣ Пашиняни 42-сола гуфт, ки ин навбат “95 дар сад бовар дорад, ки мебурад”. Бори нахуст номзадии Пашинянро рӯзи 1 май дар ҷаласаи парлумонӣ баррасӣ карда ба овоздиҳӣ гузоштанд, вале он замон ӯ натавонист пуштибонии аксари аъзои маҷлисро ба даст оварад.

Парлумони Арманистон аз аксар аъзои Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ иборат аст, ки нахуствазири каноррафта Серж Саркисян аз номзади он буд. Саркисян баъди 10 соли раёсатҷумҳурӣ ахиран ба мақоми нахуствазирӣ интихоб шуд, вале Пашинян ва тарафдоронаш ба хиёбонҳо рехта зидди сари қудрат баргаштани Саркисян эътироз карданд. Рӯзи 7 май ҳам дар майдони марказии Ереван тарафдорони Пашинян дар арафаи овоздиҳии дубораи парлумон ҷамъ омаданд.

XS
SM
MD
LG