Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: Додситони кулли пешин зидди писараш баёнот медиҳад


Рашид Қодиров
Рашид Қодиров

Додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров, ки охирҳои моҳи феврали имсол дастгир шуд, зидди писари худ Алишер Қодиров баёнот медиҳад. Дар ин бора як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 7 май ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, Қодирови калонӣ аз миёнаҳои моҳи апрел ба додани баёноти зидди писараш оғоз кардааст. Манбае дар додситонии кулли Узбекистон гуфт, Алишер Қодиров ҳанӯз ҳам таҳти пайгарди қонунӣ буда, санҷиши воқеияти баёноти падараш дар ҳоли ҳозир имкон надорад.

Ин дар ҳолест, ки як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Узбекистон гуфт, Рашид Қодиров аз бад шудани вазъи саломатияш шикоят кардааст. Ба қавли ӯ, дар боздоштгоҳи муваққатии вазорат ба додситони кулли пешин «сахт фишор» меоранд.

Ба огаҳии додситонии кулли Узбекистон, зидди Қодиров бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – “тамаъҷӯӣ”, “суистифода аз мансаб” ва “порагирӣ” парванда боз шудааст.

Рашид Қодирови 66-сола, ки 15 сол раҳбарии Додситонии кулли Узбекистонро бар уҳда дошт, моҳи апрели соли 2015 аз мансабаш барканор шуд. Ибтидои моҳи март Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон писари 39-солаи ӯ Алишер Қодировро таҳти пайгарди қонунӣ қарор дод, ки ба "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" айбдор мешавад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 17-уми марти имсол дар ҷараёни сафараш ба вилояти Самарқанд гуфт, Қодиров барои он ҳабс шуд, ки дар давраи сари мансаб буданаш аз зертобеони худ ҳар моҳ дар ҳаҷми махсусан калон ришва мегирифт.

XS
SM
MD
LG