Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Алексей Навалний аз боздошти пулис


Алексей Навалний баъди муддати кӯтоҳе дар ин майдон дастгир шуд

Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлати Русия гуфт, ки мақомоти интизомӣ ӯро аз боздошт раҳо кардаанд. Навалнийро рӯзи 6-уми май бо садҳо нафари дигар дар ҷараёни тазоҳуроти саросарӣ ба зидди раиси ҷумҳур Владимир Путин дастгир карданд.

Алексей Навалний рӯзи 6-уми май дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “Онҳо дар бораи ман ду санад тартиб доданд, ташкили гирдиҳамоӣ ва нофармонӣ ба пулис, вале нимашаб тасмим гирифтанд, ки то замони мурофиа маро озод кунанд.”

Пешвои мухолифони давлати Русия ва садҳо тазоҳургари диггаро рӯзи 5-уми май ҳангоми як гирдиҳамоии бидуни иҷоза дар шаҳри Маскав дастгир карданд. Онҳо дар остонаи маросими адои савганди Владимир Путин ба ҳайси раиси ҷумҳур ба зидди ӯ эътироз доштанд.

Навалнийро баъди муддати кӯтоҳе аз пайвастанаш ба тазоҳургарон дар майдони Пушкин дастгир карданд. Ӯро то кунун чанд дафъа барои ташкили тазоҳуроти зиддидавлатӣ дастгир кардаву ҷазо додаанд. Бино ба гузоришҳо дар тазоҳурот дар Маскав ҳазорон нафар ширкат доштанд, аммо маъмурони пулис гуфтанд, ки теъдоди тазоҳургарон тақрибан 1500 нафарро ташкил медод.

Гузоришҳои видеоӣ

Низоми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тағйир меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG