Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Кикигул” – нахустин роботи пешхидмат дар Душанбе


Нахустин роботи пешхидмат бо номи “Кикигул” дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и шаҳри Душанбе ба кор пардохт. “Кикигул” ба суоли муштариҳо дар бораи хадамоти маҷмааи “Кохи Наврӯз” бо забони тоҷикӣ ва русӣ маълумот медиҳад.

Салим Гулов, як маъмури “Кохи Наврӯз”, рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Кикигул”-ро ду моҳ пеш аз як ширкати русӣ хариданд ва тоза ба кор сар кардааст. “Ба ҳамагуна савол дар доираи кораш посух медиҳад. Кадом навъи ғизо таҳия мешавад ва дар чанд вақт аз Кикигул метавон пурсид”, - гуфт ӯ.

Ба қавли ин маъмур, номи робот “Кики” буд, вале бо дарназардошти чеҳраи занона ба он калимаи “гул” илова шуд.

Маъмулан дар аксар тарабхонаву ошхонаҳо дар Тоҷикистон занон ба ҳайси пешхидмат кор мекунанд.

Ҷамолиддини Рустам, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, бархӯрди аксар муштариёни мард бо занони пешхидмат нодуруст сурат мегирад. “Вақте ин хабарро шунидам, гуфтам, ҳама занҳои пешхидматро, ки мардонамон ба онҳо муносибати хуб надоранд, бо робот иваз кард”, - гуфт ӯ.

“Кикигул” низ дар захираи луғавиаш бо мардоне, ки бо ӯ рафтори берун аз доираи кориаш анҷом медиҳанд, посухи омода дорад. Салим Гулов мегӯяд, “аз ҷумла, агар ба сари Кикигул даст расонӣ, мегӯяд, дастатро гир, ки ороиши мӯям вайрон шуд”.

Маҷмааи “Кохи Наврӯз” соли 2015 ба истифода дода шуд. Аксар чорабиниҳои муҳими давлатӣ дар ин маҷмаа баргузор мешавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди ҷазо ба мардони "сабукпо" қабул нашуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00
XS
SM
MD
LG