Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 соли зиндон ба собиқ капитани милисаи Конибодом


Додгоҳи вилояти Суғд Умед Аскаров, муовини собиқи сардори ШКД-и шаҳри Конибодомро бо иттиҳоми даст доштан дар муомилоти маводи мухаддир ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Капитан Умед Аскарови 39-сола моҳи апрели соли гузашта дар назди манзили зисташ дар ҳудуди ҷамоати Патари Конибодом боздошт шуд. Замони боздошт ӯ муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом оид ба хизмат буд. Як манбаъ аз додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, баррасии парвандаи корманди собиқи милиса дар ду зинаи додгоҳӣ бинобар норизоии пайвандонаш як сол тӯл кашид. Пайвандонаш ба даст доштани Умед Аскаров дар хариду фурӯши маводи мухаддир бовар надоранд.

Аммо ба гуфтаи мақомот, Умед Аскаров замоне боздошт шуд, ки мехост беш аз як килограм маводи навъи ҳероинро ба нафаре барои интиқолу фурӯш дар Қирғизистон бидиҳад. Парвандаи ӯ дар додгоҳ бар асоси моддаи 200 қисми 4, “интиқолу фурӯши маводи мухаддир ба миқдори калон” баррасӣ шудааст.

Анвар Аскаров, падари ин корманди собиқи милиса рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ ризо нест ва аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мебарад. Ӯ мутмаин аст, ки писараш қурбонии тӯҳмат шудааст.

Ӯ гуфт: “Ҳамон рӯзи ҳодиса писарам дар хона хоб будааст. Ҳамсарашро мегӯянд, ки ба берун даъваташ кунед. Мебарояд, ки ҳамин ҳодиса мешавад. Дар ҳамон маводи мухаддир на изи ангушташ ҳаст, на чизи дигар. Ба ғайри як шоҳид, дар мурофиаҳо дидам, ки ҳеҷ далеле надоранд. Фақат ба гапи як кас ҳукм доданд. На танҳо ин ҳукмро ноадолатона, балки беасос медонам. Ба ҳамаи ҷо шикоят мекунам, то адолат барқарор шавад”.

Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон 4 тонаву 448 килограм маводи мухаддир мусодира кардаанд ва даҳҳо нафар бо иттиҳоми интиқолу фурӯши маводи мухаддир боздошт шудаанд. Дар миёни боздоштшудаҳо дар соли гузашта исми чанд корманди милиса низ зикр шуда буд. Аммо номи Умед Аскаров, муовини собиқи сардори ШКД дар Конибодом пас аз эълони ҳукмаш дастрас шуд. Умед Аскаров соҳиби як фарзанд буда, даҳ сол собиқаи корӣ дар сохторҳои гуногуни мақомоти қудратиро доштааст.

XS
SM
MD
LG