Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон гуфт, аз Сурия хориҷ намешавад, ҷангро бо ДИИШ идома медиҳад


Раҳбари Пентагон Ҷим Мэттис
Раҳбари Пентагон Ҷим Мэттис

ИМА тасмим дорад, ки ҳузури низомиаш дар Сурияро ҳифз кунад ва мубориза бар зидди гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ"-ро густариш диҳад. Дар ин бора вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис рӯзи 26 апрел дар ҷаласаи Сенат хабар дод.

Раҳбари Пентагон гуфт, кишвараш ният дорад, ки давлатҳои дигари Шарқи Наздикро ба муборизаи бар зидди тундгароҳо ҷалб кунад. Ба гуфтаи ӯ, фаъолшавии гуруҳҳои тундгаро дар минтақа ахиран авҷ гирифтааст.

Ибтидои моҳи апрел президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки дигар зарурати ҳузури артиши ИМА дар Сурия боқӣ намондааст. Трамп ваъда карда буд, ки дар фурсатҳои наздик дар бораи комилан хориҷ шудани низомиҳои Амирко аз ҳудуди Сурия тасмим гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG