Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳдид кард, ки аз созишномаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ хориҷ мешавад


Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ
Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ

Эрон таҳдид кард, ки аз созишномаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ хориҷ мешавад, агар ИМА "қарордоди ҳастаӣ" бо Теҳронро, ки коҳиши ғанисозии ураниум, дар ивази лағви таҳримҳои байналмилалиро дар назар дорад, бекор кунад. Ин изҳоротро раҳбари Шӯрои амнияти миллии Эрон Алӣ Шамхонӣ рӯзи 24 апрел пахш кард.

Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи чоршанбе ба ибтикори якҷоияи раҳбарони ИМА ва Фаронса - Доналд Трамп ва Эммануел Макрон, ки гуфтаанд ҷамбаҳои "созиши ҳастаӣ"-ро бознигаӣ мекунанд, вокуниши манфӣ нишон дод.

Рӯҳонӣ бо ишора ба Макрон гуфт, "як раҳбари давлати аврупоӣ наметавонад дар бораи қарордоде тасмим бигирад, ки онҳоро ҳафт кишвар имзо кардаанд. Ӯ дар робита ба Трамп гуфт, президенти Амрико як "тоҷирест, ки сиёсати байналмилалиро намефаҳмад.

Британия, Олмон, Чин, ИМА, Русия ва Фаронса ин қарордодро бо Эрон соли 2015 имзо карданд. Маскав ва Пекин ба бознигарии санад мухолифат доранд.

Доналд Трам муддатҳост, ки "созиши ҳастаӣ" бо Эронро танқид мекунад. Трамп бояд то 12 май ё моротория ба таҳримҳои зидди Эронро бардорад, ки маънои берун шудани ИМА аз созишро хоҳад дошт, ё онро тамдид кунад.

XS
SM
MD
LG