Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, 9 ифротгароро дар Доғистон куштанд


Дар ин калисо дар Доғистон, тундравон чанд масеҳиро моҳи феврал куштанд.
Дар ин калисо дар Доғистон, тундравон чанд масеҳиро моҳи феврал куштанд.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки 9 тундгароеро куштанд, ки қасд доштанд, дар рӯзҳои идонаи моҳи май амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Кумитаи зиддитерористии Русия рӯзи 21-уми апрел бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ин афрод дар шаҳри Дарбанд, дуввумин шаҳри калонтарини Ҷумҳурии Доғистон пинҳон шуда буданд.

Ба гуфтаи кумита, афсарони пулис ду гурӯҳи алоҳидаро пайдо карда ва аз онҳо хостанд, ки таслим шаванд, вале бинобар сарпечӣ дар натиҷаи тирандозӣ кушта шуданд.

Дар Доғистон дар солҳои чандин дафъа маъмурони милиса мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ бар дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG