Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби мухолифон: “Саргсян истеъфо диҳад, ҳукумати муваққат ташкил шавад”


Никол Пашинян
Никол Пашинян

Никол Пашинян – раҳбари эътирозгарон ва раиси ҷиноҳи оппозитсиюнии “Елк” дар порлумони Арманистон – истеъфои Серж Саргсянро аз мақоми нахуствазири он кишвар талаб кард. Вай шоми 20-уми апрел дар ҳузури садҳо эътирозгар дар Ереван гуфт, “барои музокирот аллакай дер шудааст”.

Ӯ гуфт, “чӣ хеле мегӯянд, поезд рафт. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо барои баҳси баъзе масоил омода нестем. Албатта, омода ҳастем, ки муҳлати истеъфои Серж Саргсян ва дар иртибот ба ин чанд шарти худро баррасӣ кунем. Мо интиқом намехоҳем. Агар Серж Саргсян ҳарчи зудтар аз мақом биравад, ҳамон қадар барои худи ӯ ва Ҷумҳурии Арманистон хуб хоҳад буд.”

Раҳбари мухолифин дар идома тарҳи тағйири ҳукумат дар Арманистонро ҳам пешниҳод кард, ки аз истеъфои Саргсян, интихоби намояндаи мардум ба мақоми нахуствазирӣ ва ташкили ҳукумати муваққат иборат аст.

«Дар ниҳоят бояд як нерӯ – мардуми Арманистон пирӯз шавад. Муҳим нест, ки кадом ҳизб чӣ қадар раъй мегирад, бояд мардум пирӯз гардад», - гуфт Пашинян.

Аз рӯзи 13-уми апрел боз ҳазорҳо сокини Арманистон дар Ереван алайҳи таъйини президенти пешин Серж Саргсян ба мақоми нахуствазир эътироз доранд. Арманистон Қонуни асосиашро соли 2015 тағйир дода, салоҳияти президентро кам ва салоҳияти нахуствазирро бештар кард.

Эътирозгарон Серж Саргсянро ба аҳдшиканӣ муттаҳам карданд, ки гуфта буд пас аз итмоми ду давраи панҷсолаи раёсати ҷумҳурӣ ба курсии нахуствазирӣ нахоҳад нишаст. Инчунин, ӯро ба он айбдор мекунанд, ки ваъдаҳои додааш дар даҳ соли раҳбариашро иҷро накардааст.

XS
SM
MD
LG