Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки қарор аст, ҳайате аз Ташкилоти Худгардони Фаластин рӯзи 22-уми апрел ба Душанбе сафар кунад.
Ба гуфтаи вазорат, ҳайатро Мазен Шамия, муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин раҳбарӣ мекунад ва намояндагони фаластиниён барои машваратҳои сиёсӣ миёни ду вазорат ба Тоҷикистон меоянд. Тоҷикистону Давлати Фаластин 6-уми марти соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардаанд.
Ба гуфтаи вазорати умури хориҷӣ: “Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ байни Тоҷикистон ва Фаластин робитаҳо барқарор гардида буданд. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муборизаи озодихоҳии мардуми Фаластин буд ва мебошад.
Охирҳои солҳои 80-ум ҳайати Фаластин бо роҳбарии узви Комитети Иҷроияи Созмони Озодибахши Фаластин профессор Набил Амр аз Тоҷикистон боздид ба амал овардааст. Ҷавобан ҳайати ҳамдилии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири онвақтаи маориф Исмоил Давлатов ба Фаластин сафар кард. Он солҳо шумораи зиёди ҷавонони фаластинӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба таври ройгон таҳсил мекарданд. Байни сарони ду давлат баъди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ мукотиба ва мубодилаи мунтазами паёмҳои табрикӣ вуҷуд дорад.”