Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мило Ҷуканович худро барандаи интихоботи президентии Черногория эълон кард


Мило Ҷуканович аз шодӣ шишаи шампонро боз кард
Мило Ҷуканович аз шодӣ шишаи шампонро боз кард

Мило Ҷуканович дар интихоботи президентии Черногория (Монтенегро) худро пирӯз эълон кард. Ҷуканович, ки дар гузашта шаш бор дар мақоми нахуствазир ва як дафъа дар нақши президент ифои вазифа кардааст, гуфт, ки пирӯзии вай дар овоздиҳии 15 апрел “пойбандии устувори Черногория” ба роҳи аврупоии рушдро ба намоиш гузошт. Маркази назорат ва таҳқиқ, як созмони мустақили назарсанҷӣ гуфт, ки Ҷуканович дар рақобат бо Младен Боянич пирӯз шуда, 54 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Ба ҷонибдории рақиби ӯ 33 дарсад овоз додаанд. Боянич аллакай мағлубияти худро эътироф карда гуфтааст, ки “Черногория интихоботи худро кард”. Вале айнизамон вай гуфт, ки пирӯзии Ҷуканович натиҷаи “шантаж ва фишор” аст ва ӯ барои озод кардани Черногория “аз Ҷуканович ва низоми диктотурии ӯ” мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG