Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОДКБ ҳамлаи Амрикову муттаҳидонаш ба Сурияро маҳкум кард


Яке аз ҷаласаҳои сарони кишварҳои узви ОДКБ. Акс аз бойгонӣ
Яке аз ҷаласаҳои сарони кишварҳои узви ОДКБ. Акс аз бойгонӣ

Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ, созмони таҳти нуфузи Русия, ҳамлаҳои муштараки Амрикову Бритониё ва Фаронсаро ба Сурия маҳкум кард. Ҷаласаи изтирории ин созмон рӯзи 14-уми апрел дар Маскав баргузор шуд.

Шӯрои доимии Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар изҳороте гуфт, аз истиқлолу ягонагӣ ва тамомияти арзии Сурия ҳимоят мекунад. Ин созмон ҳамлаҳои шаби гузашта ба Сурияро “нақзи асоситарин усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ” донистааст.

Дар изҳороти созмон гуфта шудааст, “ин иқдомот вазъеро ба вуҷуд меорад, ки мухолифи талошҳои аз байн бурдани таҳдидҳои террористӣ дар Сурия ва ҳалли муноқишаи дохилӣ бо истифода аз роҳҳои дипломатӣ ва сиёсӣ аст”.

Амрикову Бритониё ва Фаронса баъд аз иддаои истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ба ин кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ин ҳамлаҳо барои ҷилавгирӣ аз истифода аз силоҳи кимиёвӣ ва дигар силоҳҳои куштори дастҷамъӣ дар Сурия анҷом шудааст. Вай рӯзи 14 -уми апрел ҳамлаҳоро муваффақомез хонд ва гуфт, “маъмурият анҷом шуд”.

ОДКБ бар пояи Созишномаи амнияти дастҷамъии соли 1992, ки аз сӯи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзо шуда буд, таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин созмонанд.

XS
SM
MD
LG