Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои Амрикову Бритониё ва Фаронса ба Сурия анҷом шуд


Амрикову Бритониё ва Фаронса баъд аз иддаои истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ба ин кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, шоми 13-уми апрел аз Кохи Сафед оғози ҳамлаҳо ба Сурияро эълон кард ва гуфт, ин ҳамлаҳо барои ҷилавгирӣ аз истифода аз силоҳи кимиёвӣ ва дигар силоҳҳои куштори дастҷамъӣ дар Сурия анҷом шудааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Сурияро як «диктатори қотил» хитоб кард ва гуфт, ӯ ба хотири истифода аз гази кимиёвӣ дар шаҳри Думои Сурия товони бузурге хоҳад пардохт.

Телевизиони давлатии Сурия гуфт, нирӯҳои низомии ин кишвар 13 мушаки амрикоиҳоро дар ҳаво хунсо кардаанд. Сурия ва муттаҳидаш Эрон ин ҳамлаҳоро хилофи муқаррароти байналмилалӣ хонда, Русия ҳушдор додааст, ки ин ҳамла паёмади ногувор хоҳад дошт.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, хостори баргузории ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти Созмони Милал дар мавриди ин ҳамлаҳо шуд.

XS
SM
MD
LG