Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Македония дар овоздиҳии адами эътимод ҷон ба саломат бурд


Зоран Заев
Зоран Заев

Ҳукумати Македония дар як овоздиҳии адами эътимод ҷон ба саломат бурд. Ин овоздиҳӣ шоми 11 апрел бо талошҳои мухолифон баргузор шуд, ки ҳукуматро дар мушкили равобит бо ҳамсояҳо, нокомӣ дар мубориза бо фасод ва мушкилоти иқтисодӣ гунаҳгор карданд. Дар овоздиҳии парлумони иборат аз 120 вакил, 62 депутати эътилофи ҳукуматӣ мухолифи адами эътимод ба ҳукумат овоз дода, танҳо 40 вакили мухолифон аз ин раъйдиҳӣ пуштибонӣ карданд.

Ҳизби муҳофизакоре бо исми “Партияи инқилобӣ ва Ҳизби демократӣ барои ваҳдати миллӣ” иддао кард, ки раҳбарии 11-моҳаи ҳизби сотсиал-демократ дар ҳукумат сабаб шуд, ки сохторҳои давлатӣ ва низоми додгустарӣ ба манфиати худ истифода шавад. Ҳизби оппозитсионӣ инчунин мухолифи беҳбуди равобит бо ҳамсоякишварҳои Юнону Булғористон аст, чун Македония талош дорад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО шомил шавад.

Вакилони оппозитсионӣ гуфтанд, ки созиши дӯстии нахуствазир Зоран Заев бо Булғористон дар моҳи январ ба манфиатҳои миллӣ осеб мерасонад ва инчунин гуфтанд, ки баҳси бо Юнон сарзадаро нодуруст ҳаллу фасл кардааст. Заев дар посух мегӯяд, ки дар паи ҳукмронии муҳофизакон дар солҳои 2006 то 2016 ҳоло ӯ маҷбур аст бо мероси бади сиёсиву коррупсионӣ сарукор бигирад.

XS
SM
MD
LG