Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ИМА хост, ки аз ҳамла ба Сурия худдорӣ кунад


Василий Небензя
Василий Небензя

Сафири Русия дар СММ аз ИМА хост, ки зидди Сурия амалиёти низомиро шурӯъ накунад. Ин даъват аз забони Василий Небензя шоми 10 апрел ва баъди он садо дод, ки ки Шӯрои амнияти СММ тарҳи қатъномаи анҷоми санҷиши ҳамлаи кимиёӣ дар канораҳои Димишқро рад кард.

ИМА ва Русия дар заминаи иттиҳоми як ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳраки Думаи Сурия, ки рӯзи 7 апрел рух додааст, вориди баҳс шуданд. Дар ин ҳодиса 40 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд ва аломати он ки ИМА барои ҷазо додани ҳукумати Димишқ посух хоҳад дод, бештар шуд.

Оҷонсиҳои Reuters ва ТАСС рӯзи 10 апрел навиштанд, ки оҷонсии Аврупоии назорати парвозҳо аз ҳавопаймоҳо даъват кардааст, ки дар ҳарими ҳавоии канораҳои шарқии баҳри Миёназамин “бо сабаби эҳтимоли сар задани ҳамлаҳои замин ба ҳаво болои Сурия дар 72 соати наздик аз эҳтиёт кор гиранд”.

Артиши Сурия ба мӯҳлати се рӯзи наздик ба ҳолати омодабош гузаштааст. Дар соҳилҳои ин кишвар дар баҳри Миёназамин киштии ҷангии зиддимушакии Амрико Donald Cook қарор дорад. Президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфт Дмишқ барои анҷоми ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳраки Дума қимати гароне пардохт мекунад, сафари барномарезишудааш ба Амрикои Ҷанубиро бекор кард.

XS
SM
MD
LG