Дар чанд ниҳоди давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла додгоҳҳо, тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 11-уми апрел нашр шуд, раҳбарони додгоҳҳои ҳафт шаҳру ноҳияи кишвар ва раисони додгоҳҳои иқтисодии Бадахшону Хатлон иваз шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аз вазифаи додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон бозхонд кардани Сулаймон Қосимзода ба Маҷлиси Миллӣ дархост додааст. Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, дар мувофиқа бо раиси ҷумҳур додситонҳои Ҳамадонӣ, Муминобод, Гулистон, Истиқлол, Ашт, Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ нав шуда, дар чанде аз раёсат ва сохторҳои Оҷонси зиддифасод низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.
Бино ба як фармони дигар, Бахтиёр Муминзода фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъйин шудааст.
Инчунин, рӯзи чаҳоршанбе бо қарорҳои ҳукумат, Раҳмон Носир – мудири “Тоҷикфилм”, Сайфиддин Давлатзода муовини вазири маориф ва илм ва Орзу Аҳмадзода - муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуданд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афроди тозатаъйин хостааст, ки тамоми нирӯи худро барои пешрафт сарф кунанд.
Чунин тағйироти кадрӣ солҳо боз мавриди танқиди мухолифон аст. Онҳо мегӯянд, ин тағйирот асосан аз ҷойивазкунии кадрҳое иборат аст, ки солҳо боз дар деги ҳукумат меҷӯшанд.