Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори як сокини Тоҷикистон аз маҳбаси Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон як сокини 39-солаи шаҳри Ваҳдатро таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, назорат дар гузаргоҳҳои марзиро шиддат бахшидаанд. Зафарҷон Исматов барои "фирор аз зиндон" муттаҳам аст.

Элеонера Саботарова, масъули Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Қирғизистон, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Исматовро дар ҳама ҷо мекобанд.

"Ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи феврали имсол бо ҷурми дуздӣ ба ду сол маҳбаси сукунатӣ маҳкум шуда буд. Бар асоси қонун дар се рӯз як бор ба идораи мо ҳозир шуда, худро сабт мекард. Аммо панҷ рӯз боз бедарак аст", - афзуд ӯ.

Ин масъули Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Қирғизистон мегӯяд, чунин рафтори Зафарҷон Исматов ба унвони "фирор аз зиндон" сабт шуда, амалиёти ҷустуҷӯи вай ва зиндониёни дигари фирорӣ ҷараён дорад.

Дар сурати боздошт Исматов ҳадди ақал ба се соли зиндон маҳкум шуда, ин давраи ҷазоро дар паси милаҳои маҳбас пушти сар хоҳад кард. Элеонера Саботарова гуфт, "агар худаш ваё наздиконаш, ки дар куҷо будани ӯро медонанд, беҳтар аст, ба ниҳоди мо хабар диҳанд. Он вақт гуноҳаш сабуктар хоҳад шуд."

Феълан дар зиндонҳои Қирғизистон 115 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Дар миёни онҳо афроде ҳастанд, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Нафароне низ будаанд, ки дар робита ба терроризму ифротгароӣ зиндонӣ гардидаанд.

Видеоҳои охирин

Боздошти даҳҳо нафар дар эътирозҳои Ереван
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:41 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG