Пайвандҳои дастрасӣ

Русия 7 муҳоҷирро ба ҷурми терроризм аз 12 то 17 сол зиндонӣ кард


Амалиёти ФСБ дар Екатеринбург (акс аз бойгонӣ)

Додгоҳе дар шаҳри Самара як гуруҳи ҳафтнафарии шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистонро бо ҷурми омодагӣ ба як қатор амалиёти террористӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербургу Екатеринбург ва узвият дар созмони даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) ба муҳлати аз 12 то 17-солӣ зиндонӣ кард.

Дар ин бора Денис Гудков – вакили дифои яке аз маҳкумшудаҳо Козимҷон Абдуллоҷонов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, наздикони гумонбарон гуфтаанд, айбҳои эълоннамудаи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ дар додгоҳ исботи худро наёфтанд.

Абдуллоҷонов ва 6 гумонбари дигар гӯиё узви ҷиноҳи ДИ дар Екатеринбург буданд ва мехостанд, маркази тиҷории "Карнавал"-ро тарконанд.

"Онҳо гӯё бо ин амал ба самъи раҳбарияти Русия расониданӣ буданд, ки амалиёти низомиро дар Сурия қатъ кунанд. Вале дар ин парванда аз аввал таноқузҳо дида мешуд. Барои намуна, Козимҷон соати шаши субҳ дар хона бо курткае нишаста буд, ки кормандони ФСБ аз ҷайби он норинҷак ёфтанд. Шаш гумонбари дигар низ ҳамин гуна дастгир шудаанд", - афзуд вакил.

Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ парвандаи муҳоҷиронро пушти дарҳои баста баррасӣ карда, хулосаҳои вакили дифоъ дар бораи онро ки дар рафти тафтишот қонуншиканӣ шудааст, ба назар нагирифт. Ҳамчунин додрас шикояти гумонбаронро рад кард, ки гуфтаанд, ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа шуданд.

Тибқи қарори додгоҳ, муҳоҷирони узбек бо мусоидати шаҳрванди 34-солаи Узбекистон Зиёдулло Ибодов мехостанд, маводи таркандае омода созанд. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, Ибодов узви гуруҳи даҳшатафкани "Ҷабҳат-ун-Нусра" аст. Ба ҷуз ин, муҳоҷирони ӯзбек ба Сурия 100 доллари амрикоӣ фиристодаанд.

Гудков мегӯяд, тасмим дорад аз болои қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ, аз ҷумла Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо шикоят барад.

Видеоҳои охирин

Сархатти рӯйдодҳои 20-уми апрели соли 2018
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:01:29 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG