Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби фурӯ рафтани хонаҳои Балҷувонро маълум карданд


Яке аз хонаҳои осебдида дар Балҷувон

фарсудагии даҳҳо хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Балҷувон сабаби осеб дидани онҳо дар заминлархаи андак дар моҳи гузашта будааст. Кумита рӯзи 7-уми апрел натиҷаҳои таҳқиқи хонаҳои осебдида дар 11 рустои ноҳияи Балҷувонро наҳр кард, ки дар он омадааст, “аксари хонаҳои харобшуда солҳои 80-и асри гузашта бидуни риояи қоидаҳои зиддизаминларза сохта шудаанд ва то имрӯз таъмир ҳам нашудаанд. Як сабаби харобӣ кӯҳнагиву осебпазир будани ин биноҳо буд, вагарна заминларза бо нерӯи 3-4 балл наметавонад, хонаҳоро хароб кунад. “

Дар натиҷаи заминларзаи тақрибан 4 дараҷаӣ дар рӯзи 30-уми март дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 62 хона зарар дид. Ба гуфтаи мутахассисони кумита «7 хона дигар барои зисту зиндагӣ қобили истифода нест ва зистан дар онҳо хатар дорад”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфтааст, баъди заминларза гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Рустам Шоҳиён, муовини аввали раиси кумита барот таҳқиқ ба маҳалли фалокат рафтанд ва бо хонаҳои сокинони деҳаҳои Пештова, Сафедоб, Гулзамин, Сиёҳтут, Султонвайсӣ, Шингдара, Муллохконӣ, Шипдара, Аспирингон, Уланг ва Ниҳолаки ҷамоати деҳоти Сари Хосор шинос шуданд.

Дар баёнияи кумита омадааст, «таҳқиқи ҳамаҷониба нишон дод, ки хонаҳо, аз сабаби кӯҳнаву фарсуда будан ва аз гил сохта шуданашон қисман фурӯ рафтаанд. Ин хонаҳои истиқоматӣ бе гузаронидани чораҳои зиддизаминларза сохта шуда буданд, бидуни пойдевори мустаҳкам. « Ба гуфтаи зилзиласанҷон, заминларзаи то чаҳор дараҷаӣ барои хонаҳое, ки мутобиқ ба меърёҳои меъморӣ сохта шудаанд, осеб намерасонад.

Видеоҳои охирин

Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG