Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи Болливуд Салмонхон ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Ҳинд рӯзи 5-уми апрел ситораи Болливуд Салмонхонро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, ки ҳунарпешаи маъруф даст ба шикори ғайриқонунӣ задааст. Ин ҳукм ба карйераи муваффақи яке аз ситораҳои маъруфи Болливуд зарба мезанад.

Салмонхони 52-сола дар шикори ғайриқонунии як оҳуи нодир дар соли 1998 гунаҳкор шудааст. Чаҳор ҳунарпешаи дигари Болливуд, ки ҳамчунон гунаҳкор эълон шуданд, озод гардиданд.

Вакили додситонӣ Маҳипал Бишной дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар додгоҳи Ҷодпур, шаҳре дар аёлати ғарбии Роҷистон гуфт, Салмонхон ҳукми додгоҳро дар зиндони марказӣ пушти сар мекунад. Ӯ гуфт: "Додрас Дев Кумар Хатрӣ дар ҳукми худ гуфт, Салмонхонро аз рӯи моддаи 9/51-и Аҳдномаи ҳифзи ҳаёти вуҳуш гунаҳкор эълон кард, ӯро ба 5 соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми 10 ҳазор рупия (муодили 154 доллар) маҳкум мекунад."

Ситораи Bollywood Салмонхон ба 5 соли зиндон маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Аз рӯи ин қазия чаҳор ситораи дигари Болливуд – Сайф Алихон, Ниилам, Табу ва Соналӣ Бендре ҳам муҳокима шуданд, вале билохира бо ҳукми додгоҳ озод гардиданд.

Дар ҷараёни мурофиа худи Салмонхон гуфтааст, ки бегуноҳ аст. Ин қазия пас аз шикояти ҷамъияти Бишной ба додгоҳ рафт. Барои онҳо ин оҳу муқаддас ҳисобида мешавад. Маълум нест, ки мавқеи вакили дифои ҳунарпеша чист, чунки баъди мурофиа ӯ дастнорас буд.

Инчунин, маълум нест, то куҷо худи ҳунарпеша талош мекунад бар ивази зиндон пардохти гаравпулиро пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG