Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Президент аз ҳамаи сохтакориҳо бохабар аст"- гуфт сухангӯи Мирзиёев


Комил Алламҷонов - сухангӯи президенти Узбекистон
Комил Алламҷонов - сухангӯи президенти Узбекистон

Сухангӯи президенти Узбекистон гуфт, ки "Шавкат Мирзиёев аз тамоми сохтакориҳо, ки ҳангоми сафарҳояш дар кишвар ҷараён мегиранд, хабар дорад".

Расонаҳо пештар навишта буданд, ки дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон ба вилояти Ҷиззах донишомӯзони коллеҷи маҳаллӣ нақши коргарони корхонаи дузандагиро бозиданд.

Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти маҳаллӣ "барои президент намоишнома" таҳия карданд.

Комил Алламҷонов, сухангӯи президенти Узбекистон гуфт: "Мо аз ин ҳодиса огоҳ ҳастем. Агар шумо таваҷҷуҳ карда бошед, ин коргоҳи дузандагӣ давоми 10 моҳ аз сифр бунёд шуд. Ҳоло ин коргоҳ сад дарсад ба кор напардохтааст. Аз ин рӯ муассисон тасмим гирифтанд, ки аз маҳаллаҳои наздик сокинонро барои коромӯзӣ даъват кунанд".

XS
SM
MD
LG