Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони Туркманистон ба Узбекистон ва Қазоқистон рӯ овардаанд


Туркманистон: мусфоирбаре дар ноҳияи Туркманбошӣ

Амиқтар шудани мушкилиҳои иқтисодӣ дар Туркманистон шумори шаҳрвандони ин кишварро, ки дар ҷустуҷӯи кор ба давлатҳои хориҷ мераванд, афзоиш додааст. Бекорӣ ҷуғрофиёи муҳоҷирати кории туркманистониҳоро низ васеътар кард.

Бино ба хабарҳо, вақтҳои ахир шаҳрвандони Туркманистон талош мекунанд, ҳамчун муҳоҷири корӣ ба Узбекистон ва Қазоқистон сафар кунанд. Зеро мақомоти Ишқобод сафар ба Туркияро, ки шаҳрвандони Туркманистон асосан барои кор ба онҷо мерафтанд, мушкилтар кардаанд.

Манобеи маҳаллии Бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯянд, бархе аз шаҳрвандони Туркманистон, ки натавонистанд ба воситаи фурудгоҳи шаҳри Ишқобод ба Туркия бираванд, ҳоло талош доранд, аз роҳи Узбекистон ё Қазоқистон ба он кишвар сафар кунанд.

Пештар борҳо хабар дода шуд, ки ҳамарӯза дар фурудгоҳи Ишқобод даҳҳо шаҳрванди Туркманистонро аз сафар ба Туркия ё Дубай боз медоранд. Моҳи феврал хабар доданд, шумори туркманистониҳое, ки барои пайдо кардани ҷойи кор ба Озарбойҷон мераванд, афзоиш ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Табибони тоҷик аз муолиҷаи муътодони маводи мухаддир қонеъ будаанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:49 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG