Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти ягона постгоҳи БДА дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ


Ягона постгоҳи БДА (ГАИ) дар роҳи Душанбе-Чаноқ фаъолияти худро қатъ кардааст. Мақомоти ширкати IRS мегӯянд, дигар дар роҳи зери назарашон ягон постгоҳи кормандони БДА фаъолият надорад.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, Инновейтив Роуд Солюшнз, масъули нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ рӯзи 4 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ягона постгоҳи БДА дар роҳи мазкур пурра бардошта шудааст.

Ягона постгоҳ дар роҳи Душанбе-Чаноқ дар сероҳаи ҷодаи Хуҷанд-Панҷакент-Куҳистони Мастчоҳ фаъолият мекард. Қаблан ширкати IRS-ро барои он интиқод мекарданд, ки дар роҳи пулакӣ ба фаъолияти постгоҳи БДА иҷоза додааст. Аммо сухангӯи ширкати IRS мегӯяд, постгоҳи БДА дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба хотири танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт фаъолият мекард.

“Постгоҳи мазкур ба хотири танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт вобаста ба боришоти шадиди барфу борон дар ҳолатҳои зарурӣ таъсис дода шуда буд. Дар баъзе ҳолатҳо барои бартараф кардани тарма кормандони мо маҷбур мешуданд ҳаракати воситаҳои нақлиётро барои чанд соат мутаваққиф кунанд. Ба ин хотир мо фаъолияти ин постгоҳро дар масири мазкур иҷоза дода будем",--афзуд масъули ширкати IRS.

Далери Абдулло мегӯяд, минбаъд кормандони БДА дар роҳи Душанбе-Чаноқ танҳо бо мошинҳои патрул мегарданд ва дар ҳолати мушоҳидаи қоидавайронкунӣ, чора меандешанд. Ба қавли ин масъули ширкати IRS, кормандони БДА дигар ҳаққ надоранд дар роҳи Душанбе-Чаноқ постгоҳи доимӣ ташкил намоянд.

Ширкати IRS дар пайи он фаъолияти постгоҳи БДА дар роҳи зери назарашро манъ кард, ки 3-юми апрел роҳбари филиали ин ширкат дар Тоҷикистон Асомиддин Азизов аз мақоми худ барканор шуд.

Ширкати Innovative Road Solutions соли 2009−ум дар минтақаи офшории Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Дар Тоҷикистон танҳо филиали он амал мекунад. Масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ аз роҳи Душанбе-Чаноқ тибқи як созишномаи консесионӣ соли 2009 бо ҳукумати Тоҷикистон ба ихтиёри ин ширкат вогузошта шудааст.

Ин созишномаро вакилони порлумони Тоҷикистон ҳам он замон ҷонибдорӣ карданд, ҳарчанд касе аз вакилон намедонист, молики аслии ин ширкат кист. То ба ҳол ҳадсу фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба моликони ин ширкат дар расонаҳо ва миёни мардум сайр дорад.

XS
SM
MD
LG