Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи сафед аз мулоқоти эҳтимолии Трамп бо Путин хабар дод


Доналд Трамп ва Владимир Путин дар ҳошияи мулоқоти Ветнам. 11 ноябр, 2017
Доналд Трамп ва Владимир Путин дар ҳошияи мулоқоти Ветнам. 11 ноябр, 2017

Президенти ИМА Доналд Трамп дар суҳбати ахири телефонӣ телефонӣ, бо ҳамтои русаш Владимир Путин, ки рӯзи 20 март ҷараён гирифт, имкони баргузории мулоқоти дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Дар ин бора сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс рӯзи 2 апрел хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони ИМА ва Русия як қатор маконҳои эҳтимолии мулоқот, аз ҷумла Кохи сафедро баррасӣ кардаанд. Сандерс санаи дақиқи мулоқоти эҳтимолии президентҳоро нагуфт, вале изҳор дошт, ки эҳтимол дорад, он дар "ояндаи наздик" баргузор шавад.

Пештар ёвари президенти Русия Юрий Ушаков гуфта буд, ки Трамп ба Путин пешниҳод кардааст, ки бо ҳам мулоқот кунанд. Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯҳо дар бораи мулоқоти раҳбарони ду кишвар ба далели "парвандаи Скрипал" ва ихроҷи дипломатҳо мушкил шудааст.

Суҳбати телефонии Трампу Путин бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифт. Он замон Трамп Путинро бо пирӯзияш дар интихобот табрик гуфт. Ба иттилои The Washington Post, Кохи сафед ба Трамп тавсия дод, ки суҳбатро аз қазияи Скрипал оғоз кунад. Трамп он замон дар Твиттер навишт, ки бо Русия муносибати нек доштан "хуб аст, на бад".

Вашингтон 26 март дар робита ба заҳролудшавии афсари пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал дар Бритония 60 дипломати Русияро ихроҷ ва консулгарии ин кишварро дар Сиэтл баст. Русия низ дар посух 60 дипломати амрикоиро ихроҷ карда, ба дари консулгарии ИМА дар Санкт-Петербург муҳр зад.

XS
SM
MD
LG